Говмоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Говмоҳӣ (форсӣ: گاوماهی‎), гову моҳӣ — дар асотири қавмҳои сомӣ ва эронӣ дар бораи офариниши олам говест, ки пой бар пушти моҳӣ дорад ва заминро бар пушт ё яке аз шохҳои худ гирифтааст. Тибқи қиссаҳои асотирӣ, говмоҳӣ дар тамоми дарёҳо ҳузур дошта, бо бонгу фарёди худ мавҷудоти зараррасонро дучори сақти ҷанин мекардааст. Говмоҳӣ ҳангоми таҳвили сол заминро аз шохе бар шохи дигар гузошта, бо ин навиди шурӯи соли навро медодааст. Заминларзаҳо ҳам аз ларзиши бадани ҳамин гов ба вуҷуд меомадаанд.

Дар «Қасасу-л-анбиё» омадааст: «Он гоҳ аз Фирдавси аъло говеро фиристод бо ҳафтод ҳазор шох, пой бар пушти моҳӣ ниҳод ва шохҳо бар замин сахт карда. Гов хост, то ба худ биҷунбад. Худои таъоло пашшаро биёфарид ва биёмад дар бинии гов ва ӯро газид. Гов биларзид ва аз он дард қарор гирифт. Акнун он пашша дар бинии гов аст, то рӯзи қиёмат, ки ҳеч гоҳ аз бими он натавонад ҷунбид. Ва агар биҷунбад, он гоҳ олам зеру боло баргардад». Дар «Тафсири Яъқуби Чархӣ» зимни шарҳи сураи «Қалам» оварда шудааст: «Ва ин пораи зумуррад бар пушти говест ва пойҳои гов бар сангест». говмоҳӣ дар адабиёти классикии форс-тоҷик ҳамчун образи шеърӣ истифода шудааст:

Зи захми сумаш говмоҳӣ сутӯҳ,
Ба ҷастан чу барқу ба ҳайкал чу кӯҳ.

Фирдавсӣ

Уқоби хешро дар пӯя пар дод,
Зи наълаш говмоҳиро хабар дод.

Низомӣ

Хуни қурбон рафта дар зери замин то пушти гов,
Гов болои замин аз баҳри қурбон омада.

Хоқонӣ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Қасасу-л-анбиё. Д., 1991; Тафсири Яъқуби Чархӣ. Д., 2006;
  • ذبیح الله صفا. حماسه سرائی در ایران. تهران. ١٣٧٤ هـ. ش.؛
  • دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ١٢. تهران، ١٩٩٩

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]