Jump to content

Говпечак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Говпечак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Calystegia sepium (L.) R.Br. (1810)

Говпечак (лот. Calystegia sepium) — рустании бисёрсола.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Говпечак. Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби К. А. М. Линдман «Bilder ur Nordens Flora», 1917—1926

Пояи бемӯяки печанда (дарозиаш то 3 м), баргҳои байзашакл ё секунҷа дорад. Гулаш сафед, баъзан сурх ё гулобӣ. Аз моҳи май то сентябр шукуфта, тухм мебандад. Говпечак дар Украина, Белоруссия, Қрим, қисми аврупоии Русия, Сибири Шарқӣ, Осиёи Марказӣ вомехӯрад. Дар соҳили дарёҳо, кӯлу ҷӯйбор, канал, ботлоқзор, байни дарахтони боғу токзор ва киштзорҳо месабзад. Дар Тоҷикистон гиёҳи худрӯй аст. Чун рустании ороишӣ парвариш карда мешавад.

Хосиятҳои давоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Говпечак рустании давоӣ мебошад. Онро дар давраи гулшукуфт ҷамъ оварда, реза (то 20 см) ва даста карда мехушконанд. Дар таркиби решаи говпечак глюкозиди конваолвулин ва 8-8,5 % моддаи даббоғӣ мавҷуд аст. Табибони мардумӣ ҷӯшоб ва нақеи решапояи говпечакро чун воситаи исҳоловар тавсия медиҳанд. Мардуми Осиёи Марказӣ хокаи алафи говпечакро барои дармони ҷои сӯхта ба кор мебаранд. Говпечак давои пешоброн, оромибахш ва хунбанд аст. Бо ин мақсад 15 г хокаи решаи онро дар 300 мл об 7-8 дақиқа ҷӯшонида, 2 соат дам медиҳанд ва сипас рӯзе 3 бор 1/4-1/3 истаконӣ меошоманд. Барои нарм кардани дарун 20 г хокаи решаи говпечакро дар 200 мл об ҷӯшонида, 2 соат дам медиҳанд ва рӯзе 1-2 бор 100-мл-ӣ дар дили наҳор менӯшанд. Говпечак барои шустани захми пӯст ва тарбандӣ истифода мешавад.

  • Комаров Б. М. Определитель растений Северного Таджикистана. Д., 1967;
  • Смольяникова Л. А. Флора Европейской части СССР. Л., 1981;
  • Губанов И. А. Иллюстрированный определитель растений Средней России. М., 2004.