Jump to content

Гозур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гозур, гозар, либосшӯй, ҷомашӯй, шустагар — шахсе, ки ба шустагарӣ машғул аст. Истилоҳи гозур дар осори классикӣ хеле машҳур буда, номи шуғли шустагариро ифода мекард. Устод Рӯдакӣ чунин нигоштааст:

Ҷомаи пурсурати даҳр, эй ҷавон,
Чирк шуду шуд ба кафи гозурон.

Гоур маъмулан, дар гозургоҳ ба шустагарӣ машғул шуда, баъзан матоъи навбофтаро шуста сафед мекард. Баъди ихтирои мошинҳои кимиёии шустагарӣ равнақи касби озурӣ коҳида, ба ҷои он шустагархонаҳои замонавӣ пайдо шуданд.