Jump to content

Голвонудармонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Голвонудармонӣ, галванотерапия — яке аз усулҳои барқдармонӣ. Бо мақсади муолиҷа истифода бурдани ҷараёни доимии пайдарпай (голвон)-и камшиддат (30–80 В) ва суст (то 50 мА).

Бори аввал ибтидои садаи XIX аз тарафи духтури итолиёӣ Луиҷӣ Голвонӣ пешниҳод ва татбиқ шудааст (номаш аз ҳамин ҷост). Ҳангоми голвонудармонӣ зери таъсири ҷараёни доимӣ бофтаҳои организм тағйироти физикию кимиёиро аз сар мегузаронанд. Бофтаҳои андомгон (организм)-и одам аз коллоидҳо ва маҳлулҳои намак иборат мебошанд. Коллоидҳо сафеда, гликоген ва дигар моддаҳои калонмолекулаанд. Онҳо ба таркиби обияти андомгон, мушакҳо ва бофтаҳои ғадуд дохил шуда, молекулаашон ба ионҳои дорои заряди электрӣ таҷзия мегардад. Ҳаракати ҷараёни барқ дар андомгони инсон мустақим набуда, ба мавҷудияти ноқили хуб ва миқдори бофтаҳои равғанӣ, ки ҷараёни барқро бад мегузаронанд, вобастагӣ дорад. Ҷараёни галванӣ даррок (ретсептор)-ҳои пӯстро ангехта, таъсири мавзеӣ (дар зери электродҳо сурх шудани пӯст, тағйир ёфтани ҳассосияти он ва ғайра) ва умумӣ мерасонад, фаъолияти силсилаи асабро ангехта, гардиши хуну лимфаро беҳтар месозад, раванди оксиду барқароршавиро тақвият бахшида, кори ғадудҳои дарунрезро метезонад. Пеш аз голвонудармонӣ ба пӯст лавҳачаҳои филиззии докапечро мегузоранд. Бемор аз истифодаи голвонудармонӣ нороҳат намешавад. Ҳангоми дар сар ба кор бурдани голвонудармонӣ даҳон таъми оҳан карда, чархзании сар мушоҳида мешавад. Зери таъсири барқ гардиши хун тез гашта, рагҳо васеъ мешаванд, фаъолияти силсилаи асаб ба низом медарояд. Голвонудармониро ба одамони гирифтори неврит, плексит, невралгия, дарди нимсар, радикулит, ихтилоли хунгардиши мағзи сар, осеби майна ва ҳароммағз, бемориҳои илтиҳобӣ, гастрит, дискинезияи талхароҳаю рӯдаҳо, реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, ғалаёни хун, камхунии дил, дарди дандону даҳон, амрози чашм ва ғ. таъйин менамоянд. Дар сурати мавҷудияти омос, бемориҳои шадиди илтиҳобию фасодӣ, амрози хун, нақси дилу рагҳо, захмҳои калон, сӯхтагӣ ва кахексия, инчунин дар давраи ҳомилагӣ истифодаи голвонудармонӣ ҷоиз нест. Голвонудармонӣ дар пардозгарӣ барои беҳтар кардани ранги пӯсти чеҳра, нест кардани чинҳои рӯй, ботароват сохтани пӯсти пажмурда, инчунин барои рафъи асари ҷароҳатҳои гуногун истифода мешавад. Голвонудармониро 10–20 бор (ҳар рӯз ё рӯздармиён) таъйин мекунанд. Бо мақсади голвонудармонӣ аз асбобҳои махсус (АГ–75, АГН–32, АГП–33, ГР–ГМ) истифода мебаранд.

голвонудармониро барои муолиҷаи кӯдакон низ кор мефармоянд. Онро фақат баъди 4–6 ҳафтаи таваллуд метавон истифода бурд. Қабл аз ҳама духтур бояд ҳолати пӯсти тифлро аз назар гузаронад. Барои муолиҷаи кӯдакон шиддати ҷараёни барқ нисбатан паст карда мешавад.

  • Малая медицинская энциклопедия. М., 1991;
  • Улащик В. С., Лукомский И. В. Общая физиотерапия. М., 2003.