Jump to content

Голуб Марина Григоревна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Голуб Марина Григоревна
Таърихи таваллуд: 8 декабр 1957(1957-12-08)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 9 октябр 2012(2012-10-09) (54 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, бозигари синамо, муҷрӣ, муҷрии телевизион
Солҳои фаъолият аз 1979
Ҷоизаҳо:
Order of Friendship
Merited Artist of the Russian Federation
marina-golub.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор
Марина Голуб

Голуб Марина Григоревна русӣ: Голуб, Марина Григорьевна (8 декабр 1957, Москва9 октябр 2012, Москва) — ҳунарпешаи шӯравӣ ва рус, наттоқ, ҳунарпешаи хизматнишондодаи Федератсияи Русия (1995)[2] буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Марина Голуб 8 декабри соли 1957 дар Москва дар оилаи дипломат ва ҳунарпеша таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи № 33 шаҳри Москваро хатм кардааст (1965—1975).

Дар соли 1979 Мактаб-студияи МХАТро хатм намудааст.

Пас аз хатми мактаб-студия, дар солҳои 1979—1981 Марина Голуб дар Москонсерт кор кардаасте, баъдан аз соли 1981 то соли 1987 дар Театри давлатии Русия «Сатирикон» ба номи А.Райкин кор кардааст, дар соли 1987 ба труппаи Театри яҳудии Москва «Шалом» гузашт. Дар соли 2002 Марина Голуб ба Театри бадеии Москва ба номи А. П. Чехов гузашт.

Марина Голуб дар соли 1999 бо ҳамроҳи Людмила Артемева дар пайёми тиҷоратии қандалоти RONDO нақш бозидааст: «Наш начальник просто душка». «Со следующей недели работаем без выходных». «Ой, ну надо, так надо».

Марина Голуб барандаи барномаи «Утренняя почта», «Доброе утро!», «Эх, Семёновна!», «Девчата» дар шабакаи Россия 1 буд.

Шаби 9 ба 10 октябри соли 2012 дар Москва дар натиҷаи садама вафот кард[3][4].

Духтари ҳунарпеша — Анастасия — дар маркази продюсерии «WonderLoft» фаъолият мебарад.