Гомбиё (дарё)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гомбиё (дарё)
River gambia Niokolokoba National Park.gif
Мушаххасот
Тӯл

1130 км

  Координатаҳо

Мавқеъ
Кишварҳо

Гвинея/Сенегал/Гомбиё

Гомбиё (дарё) дар Викианбор

Гомбиёдарё дар Африқои Ғарбӣ. Дарозиаш наздики 1130 км. Ҳавзааш дар ҳудуди давлатҳои Гвинея, Сенегал, Гомбиё воқеъ буда, 69931 км² масоҳат дорад.

Саргаҳаш аз пуштакӯҳи Фута-Ҷоллон (Гвинея) оғоз шуда, ба уқёнуси Атлантик мерезад. Сарфи миёнаи об ба 2000 м3³с мерасад. Мавсими обхезӣ – аз июн то октябр. Гомбиё аҳаммияти нақлиётӣ дорад. Аз резишгоҳ ба масофаи 467 км киштигард аст. Дар водиҳо ҷангалзори ҳамешасабз мавҷуд аст. Дар резишгоҳаш бандари Бонҷул ҷой гирифтааст. Паҳноии Гомбиё дар резишгоҳ 16 км, умқаш 8,1 м буда, дар ҳудуди Гомбиё он камбар шуда, то ба 200 м мерасад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]