Гонг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гонг
Нигора
Номи расмӣ англ. Gongs[1]
итол. Gong[2]
Маводди созанда metal[d]
Тавзеҳот дар сомонаи mimo-db.eu/HornbostelAnd…
Hornbostel-Sachs classification 111.241[1]
MCN code 8306.10.00
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Гонг (ҷов. , мол. gong), там-там — сози зарбии садояш баланд ва тӯлонию таъсирбахш; яке аз намудҳои там-там. Диапазонаш аз F2 то C1. Гонг давра (диск)-и биринҷиест (қутраш 200—500 мм), ки дар чӯби кӯндаланг аз гӯшаҳояш овезон аст; бо кӯбаки махсус ба мобайни давра (диск) зарба зада мешавад (бар хилофи там-там). Вазифаи сигналдиҳӣ ё ҳамовозиро иҷро мекунад. Ватани гонг ро Индонезия меҳисобанд; намудҳои сершумори он асоси оркестри миллии гамелонро ташкил медиҳанд. Аз нимаи 2-юми асри 18 дар Аврупо паҳн шуд; гонг махсусан дар давраи инқилоби асри 18-и Фаронса машҳур гардид (мас., дар Ж. Госсек). Навъҳои гуногуни Г. мавҷуданд, ки аз ҷиҳати андоза, шакл, садодиҳӣ ва макони тавлид аз ҳам тафовут доранд. Дар оркестри симфонӣ чанд гонг вобаста ба шаклу дараҷаи садояшон истифода мешаванд. Беҳтарин гонги муосирро дар ҷазираи Ява (ш. Семеранг) истеҳсол мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]