Гонгилюн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
DRG Chicken e7.jpg

Гонгилюн (юн.-қад. γάγγλιον — гиреҳ), ё уқдаи асаб — маҷмӯи ҳуҷайраҳои асаб, ки аз тана, дендриту аксонҳо, инчунин ҳуҷайраҳои шилми асаб иборатанд.

Гонгилюн парда низ дорад, ки аз бофтаҳои пайвандӣ таркиб ёфтааст. гонгилюн дар бисёр ҳайвон- теппача, омосоти бемуҳра ва ҳамаи муҳрадорон вуҷуд дорад. гонгилюнҳо бисёр вақт ба ҳам пайваст шуда, сохторҳои гуногун, мас., бофтаҳои асаб, занҷираҳои асаб ва ғайраро ҳосил мекунанд. Дар бемуҳраҳо гонгилюн маъмулан қисмҳои силсилаи марказии асаб аст. Дар ин ҷонварон гонгилюнҳо бо ҳам омехта шуда, сохтори нисбатан мураккабро ба вуҷуд меоранд. Мас., аз махлут гаштани чанд гонгилюнҳои ҷуфт дар рафти таҳаввулот дар бандпойҳо ва нармбаданҳои сарпо майна ташаккул ёфтааст. Дар муҳрадорон гонгилюнҳо берун аз силсилаи асабҳои марказӣ қарор доранд. Силсилаи гонгилюнҳо сохторҳои гуногуни силсилаи асабро ба ҳам пайваста, такона (импулс)-ҳои асабро таҳвил ва баъзе амалкарди узвҳои дохилиро идора мекунанд. Ду гурӯҳи калони гонгилюн — гонгилюнҳои ҳароммағзӣ ва мухтор мавҷуданд. Аввалӣ аз ҷисми нейронҳои ҳиссӣ (сенсорӣ), дуввумӣ аз ҷисми нейронҳои силсилаи мухтори асаб ташаккул ёфтаанд. Дар тибби муосир гонгилюн чанд мафҳумро ифода мекунад, мас., гонгилюни бунёдӣ, гонгилюни нашвӣ ва ғ. гонгилюни бунёдӣ ташкилаест, ки аз нейронҳои зериқишрӣ (уқдаҳои нейронӣ) иборат буда, дар маркази моддаи сафед дар нимкураҳои мағзи сар ҷойгир аст. Нейронҳо амалкарди нашвӣ ва ҳаракатии андомгонро танзим карда, дар амалиёти гуногуни силсилаи асаб ширкат меварзанд. гонгилюни нашвӣ уқдаи муҳимми силсилаи асабҳои наботӣ мебошад. Гонгилюнҳои нашвӣ ба дарозии сутунмуҳра занҷирвор ду қатор ҷой гирифтаанд. Андозаи онҳо аз чанд ҳиссаи миллиметр то баробари нахӯд буда, кори ҳамаи узвҳои дохилиро ба низом медароранд. Дар китобҳои тиббӣ гонгилюн ба маънии «асаббофт» низ меояд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Семенов М. Р. Физиология и анатомия. М., 1997;
  • Воронова Н. В. Анатомия центральной нервной системы. М., 2005.

Сарчашма[вироиш]


Шаблон:Anatomy-stub