Гондра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
{{{название}}}

Гондра — аҳднома дар бораи пешгирии низоъҳои байни давлатҳои амрикоӣ, ки дар Конференсияи панҷуми байналмилалии давлатҳои Амрико (12.8-30.8.1910) қабул гардид.

Аҳднома бо ташаббуси вазири корҳои хориҷии Парагвай — Мануэл Гондра ба конференсия пешниҳод шуда, бо ҳамин ном машҳур гардид. Мувофиқи аҳдномаи Г. низоъҳои минтақавие, ки бо роҳи дипломатию судӣ дар байни ҷонибҳои даргир ҳалли худро намеёфтанд, ба ҳакамияти комиссияи махсуси панҷ узви Иттиҳоди давлатҳои Амрико гузошта мешаванд. Аҳдномаи Г. низоми нави муносибатҳои минтақавиро фароҳам кард, ки ба манфиати ИМА дахолати кишварҳои ғайриамрикоиро ба корҳои дохилии давлатҳои Амрикои Лотинӣ имконнопазир гардонид. Аҳднома дар рафти конференсия аз ҷониби ИМА ва 15 давлати Амрикои Ҷанубӣ ба имзо расида, баъдан давлатҳои Мексика, Перу, Боливия, Салвадор ва Коста Рика ба он ҳамроҳ шуданд. Аргентина бо мақсади минбаъд истифода бурдан аз нуфузи Лигаи Миллатҳо дар муқобили сиёсати ИМА ба Аҳдномаи Г. имзо нагузошт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]