Гонококкҳо
Зоҳир
Гонококкҳо | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Neisseria.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Neisseria gonorrhoeae (Zopf, 1885) Trevisan, 1885 |
||||||||||
|
Lua error in Модул:Wikidata at line 301: Функция для отображения значения не найдена..
Гонококк (лот. Neisseria gonorrhoeae) — як навъ мавҷудоти ба чашм ноаёни лӯбиёшакл. Андозаашон 1,25-1,0 х 0,7-0,8 мкм. Бактерияҳои аэроб буда, дар шароити барзиёдии намии нисбии ҳаво рушд мекунанд. Гонококкҳо ангезандаи бемориҳои сӯзок, уретрит, сервитсит, салпингит, проктит, артрит, конъюнктивит ва фарингит мебошанд. Баъзан боиси илтиҳоби ҳалқум ва рӯдаи рост низ мешаванд. Гонококкҳо ба одами солим аз шахси бемор дар натиҷаи мубошарат, гоҳо тавассути либоси таг, сачоқ, лиф ва ғ. интиқол меёбанд. Аз роҳи аъзои таносули модар сироят ёфтани тифл низ имкон дорад (мас., ҳангоми бемории чашм — бленнорея).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гонококкҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.