Jump to content

Ҳурус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Гор)
Ҳурус
Мифология Дини Мисри Кадим
Сфера влияния kingship[d] ва осмон
Пол мард
Отец Osiris[d], Геб ё Ra[d]
Мать Isis[d] ё Nut[d]
Супруг(а) Hathor[d]
Дети Four sons of Horus[d], Imset[d], Hapi (Son of Horus)[d], Duamutef[d], Qebehsenuef[d] ва Ihy[d]
В иных культурах Q20857111?
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳурус, Ҳор — яке аз худоёни Мисри бостон, ки ба сурати уқоб, бо сари уқоб ва ё офтоби болдор тасвир ёфтааст. Г. дар ибтидо як худои қабилавии шикорчиёни ҷанговар буд ва баъдан таҷассуми ҳокимияти шоҳӣ гашт. Г. фарзанди Осирис ва Изис шумурда шуда, ин се бо ҳам чун худоёни сегона дар матни боварҳои асотириву динии Мисри Қадим маъруфияти зиёд доштаанд.

Тасаввурот дар бораи худои Осирис (ё Озирус) — падари Г. аз Шом, ки дар он ҷо ҳамчун худои зироату кишт парастида мешуд, ба Миср омадааст. Вале баъдан мисриён онро худои мустақил дониста, эътиқод доштаанд, ки Осирис аз омезиши худои нарина Геб бо илоҳаи замин Нут зоида шуд ва пас аз он бо хоҳари худ Изис издивоҷ кард. Бародараш Сет пас аз як силсила ҳилаву найрангҳо ӯро кушта, ҷасадашро дар тобути чӯбӣ дар рӯди Нил афканд. Изис ба ҷустуҷӯи ҷасади шавҳараш баромад ва тобутро дар соҳилҳои Шом пайдо намуда, ба Миср бозгардонд ва ҷасади шавҳарашро пинҳон кард. Дар ҳамин муддат аз вай писаре таваллуд шуд бо номи Г. Сет бори дигар ҷасади бародараш Осирисро пайдо намуда, онро пора-пора кард; ҳар пораро дар яке аз навоҳии Миср мадфун карданд. Мисриён аз ин ҷиҳат муътақид буданд, ки сабаби рӯидани донаҳои ғалла аз хок ва борвар шудани онҳо дар асари ҳамин қитъаҳо мебошад.

Ҳамин ки Г. бузург шуд, ба талаби хуни падар ва интиқоми вай баромада, бо амаки худ биҷангид; дар як муҳорибаи ҳамосӣ ӯро мағлуб сохт ва дастбаста назди модараш овард. Модари Г. аз хуни шавҳараш гузашт ва Сетро бахшид. Пас аз ин Г. дар фикри ҷамъ овардани қитъаҳои ҷасади падараш ва зинда кардани ӯ шуд; дар ин кор ба вай худои ҳикмат Тот кумак кард. Г. ҳарчанд дар қатори нуҳ худо (эннэада)-и маъруф ном бурда нашудааст, яке аз худоёни Шаҳри офтоб (Гелиопол) ба шумор меравад. Ибодати Офтоб дар Мисри бостон хеле ривоҷ дошт ва Г. ягона худои Офтоб набуд. Баъдтар Ра (ё Ре) аз худоёни маъруфи Офтоб назди мисриёни бостон гардид. Дар устураи дигари мисрӣ писари Худои Офтоб Ра бо номи Гори Беҳдети ёд мешавад.