Горелеф
Горелье́ф (фр. haut-relief — релефи барҷаста) —тасвири барҷастаи симои инсон ё нақшунигор дар рӯи санг, гач ва ё гил. Горелеф тақозо мекунад, ки нақш ё сурат аз рӯи санг ба ними бузургии худ берун ҷаста бошад
Горелеф як жанри ҳунари ҳайкалтарошӣ, ки тасвири барҷастаи он аз сатҳи замин — аз нисфи худи ҳайкал бештар баромада меистад. Баъзан ин тасвир ба заминааш андаке мерасад ва гоҳо қисмҳои алоҳидаи муҷассама аз заминааш ҷудо мешаванд. Дар меъморӣ горелефи бошукӯҳу ороиширо истифода мебаранд. Намунаҳои одиву нахустини горелеф дар санъати атиқаи Осиёи Марказӣ, хусусан тоҷикон, низ бисёр ба назар мерасад. Ороишоти мазори деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара (асри 11), кандакории расмҳои анор, мор, моҳӣ, анвои парандаҳо ва махлуқоти хаёлии рӯи сангу чӯб, аждаҳоаспи саворадоре, ки аз ҳафриёти Ёвон ба даст омадааст, сархонаҳои сангии сутунҳое, ки аз деҳаи Навободи ноҳияи Шаҳринав ёфт шудаанд, ороишоти деворҳои мармарии гурҷдори мақбараи Лангарота (вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон) ва бозёфтҳои ҳафриётии Варахша, Ҳулбук ва Ҳайратон, тасвири сари асп, гӯсфанд ва дигар ҳайвонҳо аз намунаҳои ҳайкалтарошии навъи горелефи қадимии тоҷиканд. Ҳоло горелеф бештар дар пояи ҳайкалҳо (пояи ҳайкали В. Куйбишев дар гулгашти вокзали р. о.-и ш. Душанбе), пештоқи биноҳои муҳташам (ДДСТ ба номи М. Турсунзода, бинои Палатаи ҳисоб — собиқ Китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ ва ғ.) ва бошаю сутунҳои калонандозаву арақаҳо (чойхонаҳои «Исфара»-и Кӯлоб, «Сино», «Ориё» ва «Ором»-и Исфара, «Мавҷ»-и Конибодом, «Хуррамшаҳр»-и Данғара ва ғ.) истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Горелеф // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.