Гоҳанбор
Гоҳанбор, (форсӣ: گاهنبار), гоҳбора, гаҳанбор — дар гоҳшумории дини зардуштӣ шаш рӯз, ё шаш гоҳ (ҳангом, замон), ки гӯё дар ин муддат Худованд, Замин, Осмон ва тамоми мавҷудоту махлуқотро офаридааст.
Тибқи китоби Занди зардуштиён Худо оламро дар шаш гоҳ (яъне шаш ҳангом) офарид ва ибтидои ҳар гоҳ ҷашни бузург ба муддати панҷ рӯз гирифта мешавад. Гоҳҳо ҳар яке соҳиби ном ва тавсифи худанд: Гоҳанбори аввал Маидйа заремайа ном дорад, ки рӯзи 15-уми урдубиҳиштмоҳи қадим (Хуршедрӯз) аст. Ривоятест, ки гӯё Худованд аз ибтидои ин рӯз то 40 рӯз Осмонро офарида ба охир расонд. Ин ҷашн панҷ рӯз аз рӯзи 11-ум то рӯзи 15-уми Урдибиҳишт (Дай ба Меҳр) давом меёфт. Чор рӯзи аввал омодагӣ ва рӯзи панҷум Ҷашни Бузург барпо мегардид. Мутобиқи тақвими имрӯзӣ ин ҷашн ба 4 май мувофиқ меояд. Гоҳанбори дуввум Маийушам (ба маънои миёнаи тобистон) ном дорад ва он 11-и Тирмоҳи қадим аст. Аз аввали оғози он то 60 рӯз Худо обро офарид. Аз 101-умин рӯзи сол оғоз ёфта то 105-умин рӯзи сол, аз моҳи Тир то Дай ба Меҳри ҳамин моҳ идома дорад. Ба тақвими ҳозира ин ҷашн 3 июл фаро мерасад. Гоҳанбори севвум Патйашҳим (яъне донаовар) ном дорад ва он аштод (ҳаштод) рӯз аст, ки оғози он ба 23-юми шаҳривармоҳи қадим рост меояд. Худованд аз ин рӯз то 75 рӯз Заминро офарид. Бо тақвими ҳозира ба 16 сентябр мувофиқ меояд. Гоҳанбори чорум Айасрем (Айсрима‒бозгашт ба хона) ном дорад ва 80 рӯз аст ва оғозаш аз 26-уми меҳрмоҳи қадим аст, яъне аз Аштодрӯзи моҳи Меҳр то Анирон рӯзи ҳамин моҳ идома дорад. Парвардгор аз ин рӯз то 30 рӯз офариниши тамоми анвои рустаниҳо (гиёҳҳову дарахтон)-ро ба охир расонд. Ба гоҳшумории имрӯза ба 16 октябр мутобиқ аст. Гоҳанбори панҷум Маидйарем (Маидйоирйа-миёни сол) ном дорад ва он Меҳррӯз аст, ки аз 16 Баҳманмоҳи қадим оғоз мегардад. Дар рӯзҳои Дай ба Меҳр то ба Фаровардин рӯзи моҳи Дай фаро мерасад. Ҳақ таъоло аз ин рӯз то 80 рӯз 282 навъи ҳайвонот-парандаву чарандаву даранда офарид. Дар гоҳшумории ҳозира ба 4 январ мувофиқ меояд. Гоҳанбори 6-ум Ҳамаспадмадам (Ҳамаспадмаедайа ‒ҳаракати сипоҳ) ном дорад. Он 11-и Даймоҳи қадим аст яъне ҷашнгирии он аз 25 то 29-уми Исфандмоҳ идома меёбад. Худо аз ибтидои ин рӯз то 75 рӯз инсонро офарид. Дар гоҳшумории имрӯза ба 20 март мувофиқ меояд. Пас аз ин ҷашн рӯзи 1-уми Фарвардинмоҳ (21 март) Наврӯз фаро мерасад. Бад-ин тартиб Худованд оламро дар шаш марҳала биёфарид.
Ҷашнҳои панҷрӯзие, ки дар ибтидои ҳар гоҳ таҷлил мешуданд, аз ҳамдигар дар фосилаҳои мутафовит баргузор мегардиданд. Гоҳанбори Маидйа заремайа дар 45-умин рӯзи сол, Маийушам дар 105-умин рӯзи сол, Патйашҳим (шаҳим) дар 180-умин рӯзи сол, Айасрем (иётҳарим) дар 210-умин рӯзи сол, Маидйарем дар 290-умин рӯзи сол, Ҳамаспадмадан (ҳамспатҳдим) дар 365-умин рӯзи сол таҷлил мешуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. М., 1969;
- Берунӣ Абурайҳон. Осору-л-боқия. Д., 1982;
- Авесто. Д., 2001;
- Авесто. Д., 2014;
- پور داود. یشتها. دو جلد، تهان، 1347 ش.ر.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гоҳанбор / Диловаров М., Раҳматов Б. // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.