Jump to content

Гоҳнома (асар)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Гоҳнома» (форсӣ: گاهنامه‎) — яке аз осори адабиёти паҳлавӣ. Мавзӯи асар одобу русуми дарбор, номгӯи рутбаҳои ходимони давлат, намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ (тақр. 600 номгӯй), қоидаҳову расмҳои бозиҳо, одоби ҷанг, ойини баргузории ҷашнҳо — Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғ. мебошад. Дар «Гоҳнома» инчунин қиссаву ривоятҳои динӣ ва устураҳо вуҷуд доштанд. Асли паҳлавии «Гоҳнома», тарҷумаи арабии он дастрас нагардидааст, вале дар таърихномаҳои исломӣ (ба забонҳои арабӣ ва форсии дарӣ) ба он ишора шудааст, оид ба муҳтавиёташ маълумот дарҷ гардидааст, аз он пораҳо оварда шудаанд. Аз тарҷумаи арабии «Гоҳнома» Ибни Надим дар «ал-Феҳрист» иттилоъ додааст.

  • Рипка Ян. История персидской и таджикской литературы. М., 1976;
  • مسعودی ابوالحسن علی. التنبیه و الاشراف. لیدن، ۱۸۹۶؛
  • ابن قتیبه دینوری ابومحمدعبدالله بن مسلم. عیون الاخبار. بیروت،۱۳٤۳هـ./۱۹۲۵؛
  • ابن ندیم. الفهرست. تهران، ۱۳۵۲ ش.؛
  • تفضلی احمد. تأریخ ادبیات ایران پیش ازاسلام. تهران، ۱۳۸۷ ش.ر