Гоҳшумории авестоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гоҳшумории авестоӣ, тақвими авестоӣ, солшумории зардуштӣ — яке аз тақвимҳо ва солшумориҳои қадимӣ, ки ақвоми ориёӣ ва пайравони ойини зардуштӣ, аз ҷумла сараҷдоди тоҷикон, аз он истифода мекарданд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ақвоми ориёӣ аз замонҳои қадим солномаи офтобии худро дошта, то пазируфтани ойини зардуштӣ меҳрпараст буданд. Онҳо Офтоб, Моҳ, сайёраҳо ва коинотро парастида, аҷроми фалакро ба пояи муқаддасот бардоштаанд. Аз ҳамин сабаб тарҳи бошишгоҳу деҳот ва маъбаду гӯрхонаҳояшон шакли мудаввар, чалипо ва салибӣ дошта, рамзи гардиши офтобро ифода мекарданд. Дар илм боз фарзияест, ки ориёиҳо дар ҳазораҳои 6-5 то м. дар Хуросону Осиёи Миёна ба кишоварзӣ машғул шуда, шояд аз лиҳози зарурати донистани мавсими кишт ва фаслҳои сол ба тартиб додани тақвими офтобӣ шурӯъ карда бошанд. Ориёиҳои қадим зимни мушоҳидаву дастовардҳои худ солномаеро ихтироъ намудаанд, ки баъдтар гоҳшумории авестоӣ ном гирифтааст. Бозёфтҳои бостоншиносии Аркаим (асрҳои 17-16 то м.) дар ҷануби Урали Русия ба он далолат мекунанд, ки мардуми ориёитабор шаҳраку деҳаҳои худро бо рамзи гардунаи Меҳр месохтанд, ки чор дарвозаи он мутобиқи гардиши офтоб чор фасли солро ифода менамуд. Аркаими ҳафршударо ду ҳалқаи девор печонида буданд, ки дар дохили давродаври девори якум 27 ҳуҷра ва дар дуввум 40 ҳуҷра ҷой дошта, онҳо меъёри ҳаракати шуои офтобро ифода мекарданд. Ҷойгиршавии ин ҳуҷраҳо заминаи тақвимӣ дошта, дар асоси гардиши солонаи офтоб сохта шуда буд. Аз ин рӯ тарҳи бештари биноҳои динии ақвоми ориёии ҳазораҳои 3 ва 2 то м. шакли салиб, чалипо ва доираро доштанд, ки дертар нақши салибии оташкадаҳои зардуштӣ ба дайрҳои буддоиву масеҳӣ ва масҷидҳои исломӣ гузаштанд.

Дар Хоразм бостоншиносон бинои бисёртабақаи мудаввареро ҳафр карданд, ки ба асрҳои 5-1 то м. мансуб аст. Дар қабати болои он расадхонае буд, ки мубадон гардиши офтобу моҳу сайёраҳоро мушоҳида намуда, тағйироти табиии фаслҳои сол ва моҳу рӯзро пешгӯӣ менамуданд. Таърихнигорони аҳди ислом, аз ҷумла Муҳаммади Шаҳристонӣ, дар «ал-Милал ва-н-ниҳал» менависад, ки «эрониҳо то Зардушт ва Виштосп ба офтобу моҳу сайёраҳо саҷда менамуданд». Истахрӣ оид ба Самарқанди замони Сомониён меорад, ки суғдиён дар китобхонаи худ 200 асари марбут ба ситорашиносӣ доштанд ва дар дарвозаҳои Самарқанд ба хатти номаълум масофаи замину сайёраҳо сабт шуда буд. Масъудӣ менигорад, ки зардуштиён маъбадҳои зиёди марбут ба олами коинотро доранд. Аз қабили маъбади Низоми офариниш, ки дорои нақши мудаввар, Зуҳал дорои нақши шашкунҷа, Муштарӣ дорои нақши секунҷа, Баҳром дорои нақши чоркунҷа, Офтоб дорои нақши мудаввар, Зуҳра дорои нақши секунҷа дар дохили чоркунҷа, Тир дорои нақши секунҷа дар дохили росткунҷаи дарозрӯя, Моҳтоб дорои нақши ҳашткунҷа мебошанд.

Гоҳшумории авестоӣ дар давраи Ҳахоманишиён низ маъмул буда, аввал чун солшумории ғайрирасмӣ (ба сифати солшумории динӣ) амал мекард. Ба қавли муҳаққиқи эронӣ С. Тақизода гоҳшумории авестоӣ аз соли 441 то м. ба ҷои солшумории форсии қадим чун солшумории расмии давлатӣ пазируфта шуд. гоҳшумории авестоӣ аз 12 моҳи 30 — рӯзӣ иборат будааст. Азбаски сол 360 рӯз аст, ба моҳи 12-ум 5 рӯзи кабиса илова кардаанд. Ин рӯзҳо дар гоҳшумории авестоӣ панҷи «андаргоҳ» ном доранд. Берунӣ номҳои ин панҷ рӯзи кабисаро чунин додааст: Аҳандгоҳ; Аштадгоҳ; Исфандгоҳ; Исфандмузгоҳ; Биҳиштгоҳ. Бо иловаи ин рӯзҳо гоҳшумории авестоӣ ба 365 рӯз мерасид. Аммо боз чоряки рӯз (6 соат) боқӣ мемонд, ки он дар тӯли 120 сол як моҳро ташкил медод. Мутобиқи гоҳшумории авестоӣ он сол (соли 120)-ро ба 13 моҳ расонида номашро пуркунандаи кабиса мегуфтанд ва он пас аз моҳи аввал — Фарвардин омада, Фарвардини 2 ном мегирифт. Дубора моҳи 13-ум ба Урдибиҳишт илова гашта, Урдибиҳишти 2 номида мешуд. Дар солшумории гоҳшумории авестоӣ аз хатти ҳаракати Офтоб хуб огоҳ буданд ва медонистанд, ки Офтоб дар хатти эклиптика аз баробаршавии шабу рӯзи баҳор (186 рӯз) то баробаршавии шабу рӯзи тирамоҳ (179 рӯз) ҳаракат мекунад.

Моҳҳои авестоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи моҳҳои авестоӣ, маъмулан, бо номҳои бурҷи дувоздаҳгона мутобиқат мекарданд. Номҳои моҳҳо ва бурҷҳо дар гоҳшумории авестоӣ ба таври зерин аст: 1. Фарвардин (бурҷи Ҳамал); 2. Урдибиҳишт (бурҷи Савр); 3. Хурдод (бурҷи Ҷавзо); 4. Тир (бурҷи Саратон); 5. Мурдод (бурҷи Асад); 6. Шаҳривар (бурҷи Сумбула); 7. Меҳр (бурҷи Мизон); 8. Обон (бурҷи Ақраб); 9. Озар (бурҷи Қавс); 10. Дай (бурҷи Ҷаддӣ); 11. Баҳман (бурҷи Давл); 12. Исфандормуз (бурҷи Ҳут).

Ахтарони Ҳафта[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи ахтарони Ҳафта: 1. Моҳзамон; 2. Баҳромзамон; 3. Тирзамон; 4. Ҳурмуздзамон; 5. Анаҳитзамон; 6. Кайвонзамон; 7. Меҳрзамон. Номи рӯзҳои гоҳшумории авестоӣ дар давоми моҳ чунин зикр шудаанд: 1. Ҳурмузд, рӯзи якуми моҳи авестоӣ, ки сарпарасташ Аҳура Маздо мебошад; 2. Баҳман, рӯзи дуввум; 3. Урдибиҳишт, рӯзи севвум, ки маънои биҳишти ростинро дорад. 4. Шаҳривар; 5. Исфандормуз; 6. Хурдод; 7. Амрдод; 8. Дай ба Озар; 9. Оташ; 10. Обон; 11. Хуршед ё Хур; 12. Моҳ; 13. Тир; 14. Геш (гов); 15. Дайгон; 16. Меҳр; 17. Суруш; 18. Рашна; 19. Фарвардин; 20. Баҳром; 21. Ром; 22. Вата (бод); 23. Дай ба Дин; 24. Дин; 25. Арта; 26. Аштод; 27. Осмон; 28. Земоён (Замин); 29. Морисфанд; 30. Анирон. Бештари рӯзҳои гоҳшумории авестоӣ марбут ба фариштаҳо буда, бо мутобиқ омадани номи рӯзу моҳ ҷашн гирифта мешуданд.

Ҷашнҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутобиқи гоҳшумории авестоӣ ақвоми ориёӣ ҷашнҳои зиёд дошт. Дар баробари ҷашнҳои фасли сол: Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада боз ҷашни офариниш — Гоҳанбор таҷлил карда мешуд, ки мансуби шаш марҳалаи Офариниши ҷаҳон аз ҷониби Аҳура Маздо дар муддати 365 рӯз буд. Баъди густариши ислом дар Аҷам ва роиҷ гаштани солшумории ҳиҷрӣ гоҳшумории авестоӣ нуфузи худро бохта, тадриҷан мавқеашро аз даст дод, вале дар миёни пайравони ойини зардуштӣ то ҳол боқист.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Беленецкий А. М. Вопросы идеологии и культов Согда. — Живопись древнего Пенджикента. М., 1954.
  • Литвиц В. А. «Зароастрийский» календарь.// Бикерман Э. Хронология древнего мира. Ближний Восток и античность. М., 1975;
  • Абурайҳон Берунӣ. Осору-л-боқия. Д., 1990;
  • Яъқубов Ю. Гоҳномаи авастоӣ. Д., 2003;
  • Аркаим и страна городов. М., 2003.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]