Ғарнота
Маҳалли аҳолинишин | |||||
исп. Granada[1] | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Marifrán Carazo[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 693 м[2] | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+1[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Нишонаи почта | 18001–18015, 18182 ва 18190 | ||||
Коди мошин | GR | ||||
granada.org(исп.) | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ғарнота, Грана́да (исп. Granada [ɡɾaˈnaða]) — шаҳр дар Испониёи Ҷанубӣ, дар Андалус, дар доманаи кӯҳи Сйерра-Невада, дар андароби дарёҳои Хенил ва Дарро. Маркази маъмурии музофоти Ғарнота. Аҳолиаш 250 ҳазор нафар (2014). Масоҳаташ 88,02 км2.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғарнота аз соли 500 то м. ҳамчун деҳаи иберӣ ва финиқии Илиберра маълум аст. Дар асри 6 — ибтидои асри 8 тобеи вестготҳо (готҳои ғарбӣ) буд. Соли 711 онро арабҳо забт намуданд. Баъди аз ҷониби испаниҳо истило шудани Кордова (Қуртуба) (1236) ва Севил (1248) мусулмонҳо ба Ғарнота фирор карданд ва он пойтахти давлати нави Аморати Гранада (1234—1492) гардид. Дар асрҳои миёна яке аз шаҳрҳои сарватманди Аврупо, маркази тиҷорат ва ҳунармандӣ буд. Дар асри 14 Ғарнота тараққӣ кард. Соли 1492 шаҳр баъди муҳосираи 8-моҳа ба костилиягиҳо таслим шуд. Яҳудиён аз шаҳр ронда шуданд, мусулмонҳо дар асри 17 шаҳрро тарк карданд. Шаҳр рӯ ба харобӣ оварда, дар асрҳои 18-19 аз нав эҳё гардид. Дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1936-39 яке аз марказҳои тарафдорони Ф. Франко буд. Ғарнота маркази бузурги тиҷорату саноат ва истеҳсоли яроқу аслиҳа аст. Саноати кимиё, чармгарӣ, бофандагӣ, қаннодӣ тараққӣ кардааст. Корхонаҳои майкашӣ ва пивопазӣ дорад. Ғарнота яке аз марказҳои бузурги сайёҳӣ аст. Дар замони салтанати арабҳо дар Ғарнота масҷиду манораҳои бисёр (ал-Манор-де Сан-Хосе, асри 11), ҳаммомҳо, қасрҳои Дору-л-Манҷар ал-Кубро ва Дору-л-Ҳурра (асри 15), мадрасаи Юсуф ва ҳоспитали Мористон сохта шуданд. Маҳаллаи қадимии мусулмон — ал-Байсин боқӣ мондааст. Қасри машҳури ал-Ҳамро (асрҳои 13-15) дар яке аз теппаҳои наздики Ғарнота воқеъ аст. Дар давраи салтанати шоҳони испанӣ дар маркази шаҳр Ибодатхонаи шоҳӣ (1505-21, марқади Фердинанди V ва Изабеллаи I) ва калисои ҷомеъ (1522, готикаи баъдӣ) сохта шуданд. Бо ташаббуси ашрофони дарборӣ, ки таҳти таъсири меъмории даврони Эҳё қарор доштанд, Ҳоспитали шоҳӣ (1511—1640), дайрҳои Сан-Херонимо (ибтидои асри 16), Ла-Картуха (ибтидои асри 16), калисои Санта-Анна (асри 16) бунёд гардиданд, намои Ибодатхонаи шоҳӣ аз нав сохта шуд. Дар асри 17 сохтани ибодатхонаҳо (калисо ва дайри Анҷел Кустодио, меъмор А. Кано, 1652) вусъат ёфт. Дар асрҳои 19-20 якчанд лоиҳаи бузурги шаҳрсозӣ амалӣ гардид, ки барои танзими сохтмони иморатҳои шаҳр равона шуда буданд: хиёбони Гран Виа де Колон (1851), осорхонаи Хосе Герреро, осорхонаи бостоншиносӣ, осорхона — ёдгории Ф. Гарсиа Лорка, донишгоҳ ва ғ. Дар деҳаи Фуэнте-Вакерос осорхонаи шахсии Гарсиа Лорка (дар он ҷо таваллуд шудааст) мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гранада // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.