Рақами мошин
Коди мошин — рамз ё рақами шахсии автомобил буда, аз тарафи мақомоти Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (БДА) ба қайд гирифта мешавад. Одатан рақами худрав дар рӯи металли ҷилодор тасвир карда мешавад, аз тарафи пеш ва қафои автомобилҳо ё дар рӯи қоғаз тасвир ёфта аз пешу қафои оинаи воситаҳои нақлиёт гузошта мешавад. Рақамҳои худрав инчунин оиди дар кадом минтақа ва кишвар ба қайд гирифта шудани воситаҳои нақлиёт маълумот медиҳад. Дар аксарияти кишварҳо рақамҳои худрав аз тарафи мақомотҳои марказӣ ба қайд гирифта мешаванд, аммо дар Канада, Австралия, Германия, Покистон ва ИМА рақамҳои худрав аз ҷониби мақомотҳои ҳокимияти маҳаллӣ дода мешаванд. Рамзи нақлиётӣ дар Тоҷикистон TJ ба ҳисоб меравад, ки маънояш Tajikistan, ё худ Тоҷикистон мебошад.
Рамзҳои нақлиёт дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Рамзҳои нақлиёт дар пойтахт ва вилоятҳои Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе — солҳои 1959—1991 СБ, ДБ; солҳои 1999-2009 01РТ; солҳои 2009-2014 01TJ; аз соли 2023 05TJ, 10TJ.
- Вилояти Суғд — 02TJ.
- Вилояти Хатлон — 03TJ.
- Вилояти Бадахшон — 04TJ.
- Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) — 07TJ ва 08TJ.