Jump to content

Гранка

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гранка — навъе аз тасҳеҳот, нусхаи чопӣ дар шакли сутун бо шумораи озоди сатрҳо ва сафҳабандинашуда, ки нашриёт аз чопхона (матбаъа) мегирад. Дар раванди таҳияву нашр ин усулро асосан ҳангоми ба нашр омода кардани осори аз лиҳози чоп мураккаб истифода мебаранд. Дар умури нашаротии муосир, вақте ки матнҳо тавассути роёна ҳуруфчинӣ мешаванд, тарзи ғайригранкавии тасҳеҳот маъмул гашт, аммо ҳангоми зарурат барои муносиб будани таҳрир дар марҳалаи мобайнӣ имкон дорад, ки ба шакли гранка чоп карда шавад