Граносиенит
Зоҳир
Твёрдость | {{{Твердость}}} |
Граносиенит — ҷинси кӯҳии интрузивӣ, ки аз рӯи таркиби минералогӣ ва кимиёиаш дар миёни санги хоро (гранит) ва сиенит мебошад.
Граносиенит аз шпатҳои саҳроӣ (даштӣ) -и калийдор — ортоклаз, микролин (25-50 %), плагиоклази турш — олигоклаз (15-25 %), кварс (15-25 %) ва ба миқдори кам аз минералҳои ранга — амфибол, биотит, пироксен ташкил ёфтааст. Дар таркибаш аз минералҳои аксесорӣ сфен, сиркон, апатит, магнетит ва ғ. вомехӯранд. Минералҳои рангаи дар таркиби граносиенит мавҷудбуда ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: амфиболу биотитдор, биотитдор, амфиболдор, пироксену амфиболдор. Граносиенит дар мавзеъҳои граниту сиенитдори Тиён-Шону Помир ва дигар минтақаҳои чиндор вомехӯрад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Граносиенит / Ю. Мамадҷонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.