Jump to content

Грант

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Грант (аз англ. grant — туҳфа, ҳадя, иона) — кумаки бебозгашти мақсаднок, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар шакли маблағҳои пулӣ ва молӣ пешниҳод мегардад.

Грант бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳо ва барномаҳои таҳқиқотӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, санъат, тандурустӣ ва ғайра ҷудо мегардад. Истифодаи мақсадноки грант бо ҳисоботи корҳои иҷрошуда тасдиқ мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳо барои амалӣ кардани барномаҳои илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра истифода мешаванд.