Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Графит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Графит
ФормулаC (углерод)
Физические свойства
ЦветСерый, чёрный стальной
Цвет чертыЧёрная
БлескМеталловидный
ПрозрачностьНепрозрачный
Твёрдость1–2
СпайностьСовершенная по {0001}
Плотность2,09–2,23 г/см³
СингонияГексагональная (планаксиальная)

Графи́т (аз юн.-қад. γράφω «нигоштан, навиштан») — минерал, яке аз ҳолатҳои кристаллии карбони холис. Формулаи кимиёиаш C. Кристаллҳояш хурди тунук, шаклаш шашкунҷа. Рангаш сиёҳ, хокистарранги тира; ҷилояш филиззӣ. Сахтиаш 1-1,5; зичиаш 2230 кг м2.

Дар ҷинсҳои метаморфӣ (гнейс, мармар) ва баъзан гранитҳо вомехӯрад. Графит қобилияти электргузаронӣ ва ҳарорати баланди гудозиш (3850±50°С) дошта, ба кислотаҳо тобовар аст. Барои тайёр кардани қолабҳои гудозиш, бӯта, таҷҳизоти техникӣ, электрод, ранг ва қалам истифода мешавад. Графити сунъӣ дар техникаи ҳастаӣ ва ракетасозӣ ба кор меравад. Конҳои графит дар Чехия, Словакия, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Мексика ва Олмон мавҷуданд.