Jump to content

Графология

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Графоло́гия (аз юн.-қад. γράφω — «менависам» ва λόγος — «илм») — таълимот дар бораи мавҷудияти робитаи бевосита ва устувор байни хислати инсон ва ҳусни хат, зоҳир гардидани сифатҳои инфиродӣ-равонии шахс дар ҳусни хатти ӯ; як соҳаи илми криминалистика, ки хислати шахсро аз рӯйи ҳусни хатташ муайян менамояд.

Мувофиқи назарияи графология, шахс ҳарчанд саъю кӯшиш намояд, ҳам яку якбора ҳусни хатти худро дигаргун карда наметавонад. Ҳамзамон монанди ҳусни хатти каси дигар навиштан, шабеҳи имзои каси дигар имзо гузоштан мумкин аст, лекин айнан ҳусни хат ё имзои дигар шахсро такрор кардан имконнопазир аст; ҳусни хатти ҳар як шахс танҳо ба худи ӯ тааллуқ дорад. Тарзи навишти калимаву ибора ва ҷумлаҳо, рақамҳо, гузоштани имзоҳо, кашидани расму нақшаҳо ва дигар навиштаҷот хеле мураккаб, нотакрор ва фақат ба ҳар шахси алоҳида хос аст. Аз ин рӯ, ҳусни хат инфиродӣ буда, асоси фардияти онро фардӣ будани мағзи сар, мафкура, хусусиятҳои анатомию физиологӣ ва рӯҳию равонии ҳар як шахс ташкил медиҳад.

Дар графология ба имло, андоза, тӯлу арзи ҳарфҳо, ба ҳам пайвастани онҳо, шакли калима диққати махсус дода мешавад. Мас., хатти рези зич хосси инсони сарфакоре, ки аз исрофкорӣ дурӣ меҷӯяд ва дар баъзе мавридҳо одами хасис ба шумор меравад. Хатти калони кушоду фарох бошад, баръакс, баёнгари фарохдастӣ ва саховати инсон дониста мешавад. Аз рӯи баъзе аломатҳо мутахассисон (аз ҷумла, дар соҳаи ташхиси криминологӣ) муайян менамоянд, ки матнро кӣ навиштааст: маҳз ҳамон касе, ки намунаи ҳусни хатташ барояшон маълум аст, ё каси дигар. Аз рӯи ҳусни хат метавон аниқ кард, ки соҳиби он аснои китобат дар кадом ҳолати равонӣ қарор дошт. Азбаски алҳол илм далелҳои қотеи таносуби аниқи байни ҳусни хат ва шахсро дар ихтиёр надорад, аз ин рӯ, баҳодиҳиҳои графологии шахс наметавонанд ба таври мутлақ яқин ва сирф илмӣ эътироф шаванд.

  • Криминалистика. Д., 2008;
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2009.