Jump to content

Грегаринаҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Грегаринаҳо
Трофозоит грегарины Lankesteria cystodytae
Трофозоит грегарины Lankesteria cystodytae
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Gregarinasina Dufour, 1828
Мутародифот
  • Gregarinea
  • Gregarinia
  • Gregarinida
Отряды

Грегаринаҳо (лот. Gregarinasina) — як гурӯҳи мавҷудоти якҳуҷайра. Мансуби синфи споравикҳои типи содатаринҳо (Protozoa).

Грегаринаҳо дар рӯдаю ҷавфи бадани ҷонварони бемуҳра (бештар ҳалқакирмҳо ва ҳашарот) ва пардадорон зиндагӣ мекунанд (ҳаёти ангалӣ ба сар мебаранд). Бадани грегаринаҳо аз ҳуҷайраи яклухт иборат аст ва ё ба 2-3 қисм тақсим шудааст. Дар қисми қафои бадани онҳо, ки дейтомерит меноманд, ядро қарор дорад. Пеш аз дейтомерит протомерит ҷой гирифтааст, ки дар он ғурии эктоплазмавӣ — эпимерит ба мушоҳида мерасад (эпимерит барои ба бофтаи ҳомил часпидани грегаринаҳо пешбинӣ шудааст). Тани грегаринаҳоро ҷилди пурчин (пелликула) фаро гирифта, дар эктоплазмаи зери он сохторҳои фибриллавии гуногун ба мушоҳида мерасанд. Эндоплазма дона-дона буда, аз гликоген иборат аст. Грегаринаҳо серҳаракатанд ва ҳаракати онҳо ба кашиши фибриллаҳои эктоплазма вобастагӣ дорад.

Грегаринаҳо ба ду зерқатор ҷудо мешаванд: шизогрегаринаҳо (Schizogregarinida) ва грегаринаҳои аслӣ (Eugregarinida). Шизогрегаринаҳо камшуморанд; онҳо бо роҳи ғайриҷинсӣ — шизогония меафзоянд. Грегаринаҳои аслӣ сершумор буда, бо роҳи ҷинсӣ афзоиш мекунанд.