Jump to content

Гривна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гривна — воҳиди пулии вазн ва ҳисобу китоб дар Руси Қадим. Номи Г. аз гарданбанди тилоию нуқрагин муштақ шуда, баъдан меъёри миқдори муайяни филиззоти гаронбаҳоро ифода мекард, ки аз он воҳиди пулии вазн — Г.-и нуқрагин пайдо шуд. Г.-и нуқрагин муодили миқдори муайяни сиккаҳои якхела буд, ки онҳо аз рӯи теъдодашон дар муомилот истифода шуда, воҳиди ҳисобу китоб Г.-и кун ном дошт. Дар асри 12 Г.-и нуқрагин (тақр. 204 г) аз рӯи арзиш ба чор Г.-и кун (як Г.-и кун тақр. 51 г). баробар буд. Г. ҳамчун воҳиди вазн аз 48 золотник (4,26 г) ва як золотник аз 25 почек (0,17 г) иборат буд. Аз асри 11 то тохтутози муғул дар сарзамини Рус Г.-и киевӣ, баъдан Г.-ҳои Новгород, Чернигов ва Г.-и тоторӣ дар муомилот буданд. Аз асри 13 дар баробари Г. истилоҳи рубл низ истифода мешуд, ки баъдан дар муомилот онро иваз кард.