Jump to content

Грим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Грим (фр. grime — мӯйсафеди аҷиб, grimo — ожангдор) — ҳунари тағйир додани намуди зоҳирии ҳунарпеша бо роҳи молидани ранг, часпондани ришу мӯйлаби сунъӣ, пӯшидани парик (мӯйи ориятӣ), ороиши мӯйсар ва ғ.

Чигунагии грим ба хусусиятҳои бадеии пйеса, мақсади ҳунарпеша, назари коргардон ва услуби ороиши намоишнома вобаста аст. Рангубори барои чеҳрапардозӣ истифодашавандаро низ грим меноманд. Таърихи пайдоиши грим ба урфу одат ва бозиҳои халқӣ, ки аз бозигар тағйир додани симоро талаб мекарданд, алоқаманд аст. Дар чандин театрҳои Шарқ (Ҳиндустон, Ҷопон, Чин ва ғ.) то ҳоло баъзе шаклҳои суннатии грим боқӣ мондаанд. Ҳунарпешагони халқии асрҳои миёна (шуъбадабозон, масхарабозон ва ғ.) чеҳраҳояшонро бо сиёҳӣ, орд, гарду лой, пашми буз, ранги сурх ё шарбати меваҳо тағйир дода, образҳои мазҳакавӣ меофариданд. Ҳунарпешагони драмаҳои динию панду насиҳатомези асрҳои 15-16 аз гримҳои содаи воқеӣ истифода мекарданд. Сипас маҳз тавассути театри класситсизм грими дилхоҳи мукаммал пайдо шуд. Дар нимаи дуввуми асри 17 дар Фаронса ва Британия барои ҷиҳати хос додан ба грим кӯшишҳои бисёре карданд, вале танҳо пайдошавии реализм дар театр барои нашъунамои грим ҳамчун санъат мусоидат намуд. Намоишномаҳои Н. Гогол, А. Островский (Русия) ва дигарон аз ҳунарпешагон тақозо мекарданд, ки бо грими худ вижагиҳои симои зоҳирӣ ва хислатҳои иҷтимоии образи меофаридаашонро мукаммал инъикос намоянд. Бинобар ин ҳунарпешагони рус В. Самойлов, А. Ленский, В. Давидов ва дигарон ҳамчун устоди грим машҳур гаштанд.

Ду тарзу усули грим мавҷуд аст: ороишӣ ва ҳаҷмӣ (пластикӣ). Дар грим и ороишӣ тавассути рангҳо дар рӯй ба таври сунъӣ фурӯхамидагиву барҷастагиҳоро мекашанд ва ранги пӯст тағйир дода мешавад. Дар грими ҳаҷмӣ аз мӯйҳои ориятӣ (ришу мӯйлаб, парик) истифода мебаранд. Имрӯз мафҳуми грими ҳаҷмӣ ба грими пластикӣ пурра монанд аст. Грими пластикӣ ба пӯст часпонидани рӯйкашҳои эластикии латексӣ ё силикониро дар назар дорад. Маводди грим ва рангҳо барои пӯст бояд безарар бошанд ва бе душворию зиён барои саломатӣ пок шаванд.

Ҳунари грим дар кино хусусияти худро дошта, ба шароити таҷҳизоти наворбардорӣ, рангу равшанӣ, эҳсос кардани навори филмбардорӣ ва анвои нурпардозӣ вобаста аст. Грими театру намоишҳо, одатан, мудом хеле сатҳию тахминӣ ва шартист, аммо дар кино бо калон намудани тасвир дар экран («тасвири барҷаста») ҳунарпешаро лозим аст, ки ба грим диққати бештар диҳад. Маводди грими кино аз мавод ва рангҳое, ки дар театр истифода мешаванд, куллан фарқ доранд. Дар театр амалан воситаҳову технологияи суннатии грим то имрӯз боқӣ мондаанд, аммо дар филмсозӣ аз оғози асри 21 барчаспҳои латексӣ ва силиконӣ, рангҳои устувори пардоздиҳии аз спирт ҳосилшуда истифода мешаванд.

  • Раугул Р. Д. Грим, 2 изд. Л. — М., 1947;
  • Станиславский К. С. Моя жизнь в искусстве // Собр. соч. Т. 1. М., 1953.
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. Д., 2003.