Гринский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гринский — навъи анҷир. Аз соли 1973 ба шароити иқлими минтақаи Қӯрғонтеппа мутобиқ карда шудааст. Дарахташ миёнақад, шохсораш мудаввар, зич. Навдаҳои яксолааш сершумор, ҷигарии рӯшан. Баргаш се ё панҷпарра. Мевааш (то 15 г) нокшакл, сабз; гӯшташ сурх, ширин. Баҳои чошнигирӣ 4,7 балл. Дар қитъаи навъсанҷии ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ аз ҳар га 65 сентнер ҳосил гирифтаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гулов С. Мевапарварӣ. Д., 2002.