Jump to content

Гриф (санад)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гриф (фр. griffe) — қайд ё нишонаи махсус дар санад, китоб, нашрия, ки шарти махсуси нигоҳ доштан ва истифодаи онҳо, инчунин маҳдудият дар дастрасии ҳуҷҷати дорои маълумоти сирри давлатиро ифода мекунад.

Масалан, грифи «барои истифодаи хидматӣ». Грифи махфияти маълумоти мансуб ба сирри давлатӣ се дараҷа («Фавқулода муҳим», «Комилан махфӣ» ва «Махфӣ») дошта, дар он муҳлати махфӣ доштани ин маълумот нишон дода мешавад. Ба грифи махфияташ «Фавқулода муҳим» маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ мансубанд, ки ошкорсозии он ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаи номбаршуда зарар расонида метавонад. Ба грифи «Комилан махфӣ» чунин маълумоти соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дохиланд, ки ошкорсозии он ба амнияти вазоратҳо (идораҳо) ё бахши иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ё якчанд соҳаҳои номбаршуда зарар расонида метавонад. Ба грифи «Махфӣ» ҳама гуна маълумоти дигари дорои сирри давлатӣ мутааллиқанд, ки ошкорсозии он ба манфиати корхонаву ташкилотҳои соҳаҳои мудофиа, иқтисод, робитаҳои берунӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ зарар расонида метавонад.

Истифодаи грифҳои махфияти мазкур барои махфӣ доштани маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансуб нестанд, инчунин ба маълумоти зикршуда додани грифи дигари маҳдудкунанда мумкин нест. Дараҷаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ ва грифи махфияти манбаъҳои ин маълумот метавонад бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шавад.

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ». Д., 2002.