Jump to content

Гротеск

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гротескҳо дар Хонаи тилоии Нерун

Гротеск фр. grotesque, «аҷиб», «ғариб», «хандаовар»; итол. grottesco — «аҷиб», итол. grotta — «ғор», «мағора») — як навъи услуби бадеӣ дар адабиёт ва ҳунар, ки адиб бо ҳам созиш додани тазодҳо, тасвири аҷибу ғариб, ростмонандию карикатура, муболағаву алогизм (ғайримантиқӣ)-и дар шакли таҳрифшуда, зишту музҳику фоҷиаи музҳик ҷузве аз ҳаводиси зиндагиро қаламдод мекунад;

Гротекс дар санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ як навъи нақшунигор, ки хусусияти афсонавӣ дошта, дар онҳо ҳайвоноту наботот ба ҳам омехта тасвир ёфтаанд. Намунаҳои қадимтарини ин гуна тасвирҳоро дар харобаҳои Руми Қадим, ки дар байни мардум «грот» ном гирифта буд, пайдо кардаанд ва номи нақш низ аз ҳамон калима аст. Маъмулан, тимсолҳои гротекс мафҳуми фоҷиавӣ доранд. Дар гротекс дар паси зоҳири ғайривоқеию дур аз ҳақиқати он ҷамъбандиҳои бадеии зуҳуроти муҳимми зиндагӣ нуҳуфта аст. Гротекс, чун қоида, бозтобкунандаи тазодҳои маишӣ аст, аз ин рӯ бо доираҳои адабию мантиқӣ мухолифу носозгор мебошад. Гротекс шеваҳои маъмули зиндагиро бо тасвири аҷибу ғариб тағйир дода, ҷаҳони гротексии хешро ба вуҷуд меорад ва онро набояд ба таври қатъӣ ё фарзӣ пазируфт.

Гротекс ҳамчун унсури услубӣ ба жанрҳои танзӣ — карикатура, памфлет, мазҳака, буффонада, масхарабозӣ, шуъбадабозӣ ва ғ. хос аст. Тасвири гротексӣ ҳамеша хосияти дугона дошта, ҳузури чизҳои муқаррарию хаёлӣ, ҳодисаҳои воқеии боварнакарданӣ аз хусусияти муҳимми он аст. Чунин номувофиқатӣ дар аксар маворид барои тасвирҳои ҳаҷвии ғайриодӣ замина ба вуҷуд меоварад. Он ҳамчун навъи бостонии тасвир ҳатто дар осори асотирӣ ба назар мерасад. Тарзҳои тасвири он аз давраи атиқа (мазҳакаҳои Аристофан ва Плавт) маъруфанд. Дар санъати асримиёнагӣ тасвирҳои гротескии химер ё ғулшер, ҷонварону парандагони афсонавӣ ба таври фаровон омадааст. Гротекс, ки шакли хосси фарҳанги мардумии (карнавалҳо) аврупои асримиёнагӣ гашт, фаҳмиши номураттаби материалистию диалектикии зиндагиро ифода мекард. Дар давраи Эҳё гротекс дар тамоми шохаҳои санъату адабиёт, рассомӣ ва театр («Ситоиши аблаҳӣ»-и Э. Роттердамский, мазҳакаи итолиёии дел арте, мусаввараҳои И. Босх ва П. Брейгел, графикаҳои Ж. Калло, «Грантюа ва Пантагрюэл»-и Ф. Рабле) реша медавонад. Дар даврони Маорифпарварӣ гротекс ваҷҳи танзи шадид касб мекунад. Фарҳанги маорифпарварони хираду ҳамоҳангӣ низ тавассути гротекс ба ифшо кардани ҷаҳони ҷаҳлу хушунат мепардозад (Ҷ. Свифт, Ф. Гойя). Романтикҳо ҳамоҳангии классикию маорифпарвариро рад карда, аз ҷумла маҳз ба воситаи гротекс тазодҳои эстетикию ахлоқиро нишон додаанд (В. Гюго). Дар асри 19 гротекс тамоюли бузурги иҷтимоию таърихӣ ва ғояҳои равшани истеҳзову фошкунӣ пайдо кард (Ч. Диккенс, О. Дюма, Н. Гогол, М. Салтиков-Шедрин). Дар асри 20 гротекс боз яке аз шаклҳои хосси санъат гардид ва онро мусаввирони равияи модерн (экспрессионизм, сюрреализм ва ғ.) ҳамчун услуби бадеӣ истифода бурданд. Дар осори Э. Ионеско, С. Беккет, С. Дал эҳсосоти бемаънии зиндагӣ нуфуз кардааст. Гротекси реалистӣ (Я. Гашек, Ч. Чаплин, Б. Брехт), ки бархӯрдҳои иҷтимоии асри 20-ро инъикос кардааст, ҳамзамон ангезаҳои фарҳанги танзомези мардумиро низ фаро мегирад. Дар санъати шӯравӣ усулҳои санъати гротекс дар мазҳакаҳои В. В. Маяковский («Кана», «Ҳаммом»), афсонаҳои Е. Л. Шварс («Аждаҳо», «Шоҳи урён»), намоишномаҳои В. Э. Мейерхолд, осори рассомон (карикатураҳои Кукринксҳо) ба назар мерасад.

Адибони форс-тоҷик низ дар тасвири гротексӣ маҳорат зоҳир кардаанд. Асарҳои Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ), Саъдии Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Зайнуддин Восифӣ, Аҳмади Дониш, ҳикоёти насри ривоятӣ, латифаҳо ва осори ҳаҷвӣ (Мискин харак орзуи дум кард, Ноёфта дум ду гӯш гум кард) саршор аз тасвирҳои гротексӣ мебошанд. Дар қиссаи «Марги судхӯр» ва мақолаи «Деви ҳафтсар»-и Садриддин Айнӣ, «Косадум»-и Фазлиддин Муҳаммадиев, драмаи «Фармони Кадушоҳ»-и Абдумалик Баҳорӣ аз аносири гротекс ҳунармандона истифода шудааст.

  • Табаров С. Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти адабиётшиносӣ. Д., 1988.

Media related to Category:Grotesque at Wikimedia Commons Шаблон:Wiktionary-inline