Гуанидин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гуанидин
Общие
Хим. формула CH₅N₃
Термические свойства
Т. плав. 50 °С
Энтальпия образования −56,01 kilojoule per mole
Таснифот
Рег. номер CAS 113-00-8
PubChem
Рег. номер EINECS 204-021-8
SMILES
InChI
ChEBI 42820
ChemSpider
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного.

Гуанидин , карбамидин, имидомочевина, HN = C(NH2)2 — кристаллҳои беранги намкаш; ҳарорати гудозишаш тақр. 50°С. гуанидин аз ҳаво СО2 ва намро меҷабад, бо кислотаҳо намак ҳосил мекунад. Ҳангоми гидролизи гуанидин карбамид ва аммиак ҳосил мешавад. гуанидинро Штреккер (1861) аз гуанин, Гофман (1866) аз хлорпикрин, Эрленмейер (1868) аз сианамид зери таъсири аммиак ҳосил намуданд. Штреккер ва Гофман гумон доштанд, ки дар таркиби гуанидин сиангурӯҳ мавҷуд аст. Эрленмейер барои гуанидин формулаи сохтории дурустро пешниҳод намуд. гуанидин (ё намаки онро) дар натиҷаи ба сианамид таъсир намудани аммиак (ё намакҳои аммоний) ҳосил мекунанд:

H2N – C ≡ N + NH3 → NH = C(NH2)2

H2N – C ≡ N + NH4Cl → (H2N)2 C = NH · HCl

Гуанидинро аз роданиди аммоний (дар ҳарорати 180°С) ва эфирҳои кислотаи ортокарбонат бо таъсири аммиак низ ҳосил менамоянд. Боқимондаи гуанидин дар таркиби α-аминокислотаҳо – аргиксин, гуанин, креатин, антибиотикҳо – стрептомитсин ва заҳри ҳайвонот – тетродотоксин мавҷуд аст. гуанидинро барои ҳосил кардани доруворӣ, маводди тарканда, зифтҳои муовизи ион истифода мебаранд. Намакҳои гуанидин дар саноат фаровон ба кор мераванд. Намаки динитрати гуанидин ҳамчун моддаи тарканда, намаки фосфати гуанидин дар саноати бофандагӣ (барои тайёр намудани матоъҳои оташбардор) ва намаки карбонати он дар синтези моддаҳои сатҳашон фаъол истифода мешаванд. Нитрогуанидин , нитрат ва перхлорати гуанидин ҳамчун сӯзишвории ракетаҳо истифода мешаванд. Хромати гуанидин ҳамчун ингибитори зидди зангзании филиззот ба кор меравад. Ҳосилаҳои гуанидин хосияти бактерисидӣ ва фунгитсидӣ дошта, дар сохтмони пулҳо, барои нигоҳдории санадҳо ва ғ. истифода мегарданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]