Jump to content

Гуантанамо (шаҳр)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Гуантанамо
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1510
Масоҳат
  • 741,4 км²
Баландии марказ 46 м
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ испониёӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 21
Нишонаи почта 95100
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гуанта́намо (исп. Guantánamo) — шаҳр дар Куба, дар шарқи ҷазираи Куба (910 км аз Гавана); маркази маъмурии ноҳияи Гуантанамо. Аҳолиаш 210 ҳазор нафар (2014). Дар доманаи кӯҳи Серра-Маэстра ҷойгир аст. Гуантанамо роҳоҳан, роҳҳои мошингард ва фурудгоҳ дорад.

Соли 1796 ташкил карда шудааст, пеш Санта-Каталина-де-Салтадеро ном дошт. Дар асри 19 дар ин ҷо бисёр мустамликадорони фаронсавизабон аз Гаити сокин шуданд. Соли 1843 Гуантанамо ном гирифт, аз соли 1870 — шаҳр. Дар охири асри 19 яке аз марказҳои ҳаракати озодихоҳӣ буд. Дар ибтидои асри 20 дар натиҷаи рушди саноати қанд тараққӣ кард. Маркази коркарди қаҳва ва найшакар. Саноати коркарди филиззот, кимиё ва бофандагӣ тараққӣ кардааст. Донишгоҳ, калисои Санта-Каталина-де-Риккис (1863), бозор, вокзал (1918), осорхонаи шаҳрӣ, 2 театр дорад. 15 км ҷанубтар аз шаҳр халиҷи Гуантанамои баҳри Кабир (дарозиаш 19 км, бараш 10 км) воқеъ гардидааст. Дар қисми ҷанубии он пойгоҳи Флоти ҳарбии баҳрии ИМА (соли 1903 иҷора гирифтааст) ҷойгир аст, ки дар ҳудуди он январи 2002 маҳбаси Гуантанамо таъсис дода шуд. Дар он асосан маҳбусони ниҳоят хавфнок, аъзои созмони терростии «ал-Қоида», ки дар Афғонистон ва дигар кишварҳои Шарқ меҷанганд, нигоҳ дошта мешаванд. Бандари Кайманера ба Гуантанамо хидмат мерасонад. Дар Гуантанамо Э. Реве, ки суруди «сон-чанги»-ро машҳур гардондааст, зиндагӣ кардааст. Суруди машҳури инқилобии Куба «Гуантанамера» бо номи Гуантанамо алоқаманд аст.