Гуан-сзи
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) | Q28348685? ва Q76731257? |
---|---|
Нависанда | Guan Zhong[d] |
Виростор | Liu Xiang[d] |
Забони навиштаҷот ё осор/асар | Забони чинӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
«Гуан-сзи» (чинӣ: 管子 — «Гуани Хирадманд») — яке аз бузургтарин рисолаҳои фалсафии муаллифони чинии асрҳои 4-3 то м., ки 130 ҳазор иероглифро дар бар мегирад. Аз 8 бахши мавзӯӣ дар 24 баста (тсзюан) ва 86 боб (пян) иборат мебошад (10 боб гум шудааст). Дар шакли аввалааш дар асри 3 то м. дар академияи Тсизися (шоҳии Тси) ва ба таври комил соли 26 то м. аз ҷониби Лю Сан таҳия гардида, дар асри 13 нашр шудааст. Бахшҳои зиёди «Гуан-сзи» фарсуда, ба тармим ниёз доранд.
«Гуан-сзи» ба номи сарвазири шоҳигарии Тси — Гуан Чжун (фавт 645 то м.), ки бо фаъолияти ислоҳотиаш дар соҳаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ машҳур гардида, ба назарияву амалияи легизм (мактаби ҳуқуқравоиён) асос гузошта буд, номгузорӣ шудааст. Ҳамзамон «Гуан-сзи» ба ҳайси рисолаи даосӣ низ дониста шудааст. Гуан Чжун, аз як тараф, ҷонибдори ҳокимияти мутлақи шоҳӣ, идора кардани иқтисодиёт, назорати нархи намак ва оҳан дар ҷомеа буд ва аз ҷониби дигар, нахустин шуда дар Чин консепсияи идораи ҷомеаро дар асоси қонун (фа) пешниҳод намуд («Қонун падар ва модари халқ аст»). Он ҳамчун нахустин асари донишномаӣ дар қатори осори дигари қадимии Чин — «Хуайнан-тсизи» ва «Люй-ши чун эту» қарор дошта, фарогири маҷмӯи донишҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, табиӣ-илмӣ ва ғ. аст, ки ба мактабҳои гуногуни илмӣ мутааллиқанд. Муҳтавои асари «Гуан-сзи»-ро масъалаҳои иқтисодӣ, маҷмӯи назарияҳои мактабҳои фалсафии конфутсийгаро, даосӣ ва легистӣ, бо ворид намудани ҷанбаҳои алоҳидаи ақидаҳои ахлоқии Мо-Тсизя (моизм), назарияи маърифат ва мантиқи ибтидоии Мин-Тсизя (мактаби номҳо) ва мактаби Сун Тсизян-Ин Вэн, назарияи мудирияти Тсизунхен-Тсизя ва фалсафаи табиати Иня-Тсизя ташкил медиҳанд. Муносибати легистӣ ба қонун ҳамчун танзимгари муносибатҳои иҷтимоӣ дар фалсафаи «Гуан-сзи» ба усули объективияти конфутсийгаройӣ ва асосҳои ахлоқии ҷомеа асос ёфтааст: «Қонун олати дасти роҳбари давлат, балки неруест алайҳи он, ки бояд мардумро ғанӣ гардонад, на хазинаро» («Қонун муҳаббат ба мардум аст»).
Дар бобҳои 36-38 ва 49 дар бораи дао, таълимот ва қудрате, ки ақлу амалро меофарад, сухан рафта, бобҳои 40 ва 41 фарогири ақидаҳои Иня-Тсизя дар бораи қувваҳои Ин-Ян мебошад. «Гуан-сзи» ҳамчунин шомили маълумоти пурарзиш оид ба таърихи мантиқи ибтидоӣ (боби 6), таърихи илми ҳарбӣ (бобҳои 17 ва 27), афкори педагогӣ (боби 59), тақвими нуҷумӣ (бобҳои 8 ва 40), риёзиёт (боби 58), обшиносӣ (ҳидрологӣ); (бобҳои 39 ва 57) ва ҷуғрофиё (боби 77) мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гуан-сзи / Р. Назаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Иванов А. Материалы по китайской философии// Введение. Школа фа. «Хань Фэй-цзы». СПб., 1912;
- Ло Гэнь-цзэ. Гуань-цзы тань юань (Выявление истоков «Гуань-цзы»). Шанхай, 1931;
- Го Мо-жо. Бронзовый век. М., 1959;
- Kouan-tseu//Труды XXV международного конгресса востоковедов. Т. V. М., 1960;
- «Гуань-цзы» яньцзю (Исследование «Гуань-цзы»). Сборник 1. Цзинань, 1987;
- Ши И-сань. Гуань-цзы цзинь цюань («Гуань-цзы» с современными разъяснениями). Пекин, 1988;
- Китайская философия: энциклопедический словарь. М., 1994;
- Духовная культура Китая: энциклопедия в 5 томах. Том. 1. М., 2006;
- Философия. М., 2006;
- Guanzi. Political, Economic and Philosophical Essays from Early China. Vol. 1. Princ, 1985. Vol. 2, Princ, 1998.