Гуаш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гуаш (фр. Gouache, итол. guazzo — ранги обӣ) — рангҳое, ки аз омезиши пигментҳо, ширеш ва ранги сафеди минералӣ ҳосил мешаванд.

Расмҳои бо ин ранг кашидашударо низ гуаш меноманд. Гуаш ғализ буда, дар об ҳал мешавад. Хусусияти асосии гуаш тирагӣ ва мустаҳкамӣ буда, ҳангоми хушкшавӣ махмалини беҷило мешавад. Гуаш барои кашидани расмҳо дар рӯи коғаз, картон, фанер, матоъ, устухон ва ғ. истифода мегардад. Сатҳи асарҳои бо гуаш кашидашуда сафедтобу махмалист. Гуаш дар асрҳои миёна дар санъати тасвирии мамлакатҳои Осиё ва Аврупо паҳн гашта, бештар дар минётурнигории давраи Эҳё барои таҳияи расмҳои рӯи картонҳо, ангораҳо, минётураҳои портретӣ истифода мешуд. Гуаш аз миёнаҳои асри 19 сар карда ба як усули мустақили расмкашӣ табдил ёфт. Ҳоло гуаш дар плакаткашӣ, ороиши китоб, ангораи ороиши саҳна ва ғ. истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]