Гувоҳии бардурӯғ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гувоҳии бардурӯғ — дар ҳуқуқи мурофиавӣ, пешбинӣ гардидани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои аз ҷониби гувоҳ дидаву дониста додани нишондоди бардурӯғ ё саркашӣ аз додани нишондод.

Барои дидаву дониста додани гувоҳии бардурӯғ ё саркашӣ аз додани гувоҳӣ ҳангоми таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ё дар суд, гувоҳ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. гувоҳии бардурӯғ ба таҳқиқ, тафтиш ва татбиқи комил ва объективонаи адолати судӣ халал мерасонад. Агар барои саркашӣ аз додани гувоҳӣ нисбат ба гувоҳ ҷазои нисбатан сабук (корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 120 то 180 соат ё ҷарима ба андозаи то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) пешбинӣ шуда бошад, пас, барои дидаву дониста додани гувоҳии бардурӯғ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ (вобаста ба вазнинии ҷиноят то 5 сол) муқаррар шудааст. Вале агар гувоҳ дар ҷараёни таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ё мурофиаи судӣ то баровардани ҳукм ё ҳалномаи суд дар хусуси бардурӯғ будани баёноти додааш ихтиёрӣ арз намояд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. То оғози пурсиши гувоҳ дар суд раисикунандаи маҷлиси суд шахсияти ӯро муайян намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшро мефаҳмонад ва дар хусуси пешбинӣ шудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ аз додани нишондод ё дидаву дониста додани гувоҳии бардурӯғ огоҳ сохта, забонхатти ӯро дар ин хусус мегирад. Ин забонхат ба протоколи маҷлиси судӣ замима мегардад. Дар рафти таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ таҳқиқгар ё муфаттиш дар протоколи пурсиши гувоҳ ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшро фаҳмонда, ӯро дар хусуси пешбинӣ шудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ аз додани нишондод ё дидаву дониста додани гувоҳии бардурӯғ огоҳ месозад ва имзояшро дар ҳамин протокол мегирад. Гувоҳи ба синни шонздаҳ нарасидаро таҳқиқгар, муфаттиш ё суд барои дуруст ва саҳеҳ иброз доштани ҳамаи он маълумоте, ки вобаста ба парванда барояш маълум аст, даъват менамояд, вале ӯ барои саркашӣ аз додани нишондод ё дидаву дониста додани гувоҳии бардурӯғ огоҳ карда намешавад, зеро субъекти ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ин ҷиноятҳо аз синни шонздаҳсолагӣ муқаррар шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998;
  • Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2008;
  • Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2009.