Гувоҳинома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гувоҳинома, маълумотнома - ҳуҷҷати дорои қайд ё тасдиқи факт ва воқеият буда, аз рӯи хусусияти тавсиф ду намуд мешавад: а) тавсифи хидматӣ; б) тавсифи шахсӣ.

Гувоҳиномаи тавсифи хидматӣ бо дархости ташкилоти болоӣ, инчунин дархости муассисаю ташкилоти берунӣ (мақомоти суд, прокуратура, тафтишот, назорати давлатӣ ва ғ.) пешниҳод мешавад. Чунин гувоҳинома дар бланкаи шахси ҳуқуқӣ тартиб дода шуда, дорои реквизитҳои зер аст: номгӯи муассисаю ташкилот бо зикри суроғаи пурра, рақами телефон ё факс, номгӯи намуди ҳуҷҷат, таърихи рӯз, рақами бақайдгирӣ, ҷойи тартибдиҳӣ, ба суроғаи кӣ фиристода шудан, сарлавҳа ба матн, матн ва имзои шахси масъул. Гувоҳиномае, ки ба мақомоти болоӣ фиристода мешавад, бо муҳр тасдиқ мегардад. Ҳамчунин гувоҳиномаи тавсифи хидматиро барои пешниҳод ба роҳбари муассисаю ташкилот ё мақоми машваратии он истифода мебаранд. Дар чунин ҳолат гувоҳинома мумкин аст дар варақи тоза тартиб дода шавад, вале ҳатман бо нишон додани ҳамаи реквизитҳои қайдшуда. Матни гувоҳинома аз якчанд фасл ва банд иборат буда метавонад. Дар он маълумот бо ишора ба вақте, ки ба ин маълумот дахл дорад ва ҳуҷҷатҳое, ки барои тартиб додани гувоҳинома асос гаштаанд, дарҷ карда мешаванд. Дар тафовут аз қайдҳои ахборотӣ, матни гувоҳинома фақат ин ё он ҳолати дақиқи зикршуда ё ҷавоби саволи дар дархост гузошташударо дар бар мегирад.

Гувоҳиномаи тавсифи шахсӣ чун қоида ба кормандони муассисаю ташкилот барои тасдиқи факти кор кардан, музди меҳнат, собиқаи корӣ ва ғ. дода мешавад. Гувоҳиномаи зикршуда бояд дорои реквизитҳои зерин бошад: номгӯи муассисаю ташкилот бо нишон додани суроғаи пурра, рақами телефон ё факс, номгӯи намуди ҳуҷҷат, рақами бақайдгирӣ, таърихи рӯз, матн, имзои шахси масъул, муҳр. Дар матни чунин ҳуҷҷат ҳатман ба кадом муассисаю ташкилот пешниҳод гардидани гувоҳинома дарҷ карда мешавад. Гувоҳиномаҳо дар муассисаю ташкилот дар китоб ё дафтарҳои бақайдгирӣ аз рӯи рақами тартибӣ номнавис карда мешаванд. Ҳамин рақами бақайдгирӣ рақами гувоҳинома ба ҳисоб рафта, дар он дарҷ мегардад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2004.