Jump to content

Гудозиши халоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гудозиши халоӣ — гудозиши филиз, хӯла ва масолеҳи дигар дар фишори паст (аксар 100-0,1 мПа).

Дар раванди гудозиши халоӣ масолеҳ аз газҳо (нитроген, оксиген ва ҳидроген), олуда (омехта)-ҳои филиззоти ранга ва пайвастҳои ғайрифилиззӣ тоза мешавад. Барои баровардани газе, ки ҳангоми гудозиш ихроҷ мегардад, насосҳои вакууми (халоӣ)-ро истифода мебаранд. Гудозиши халоиро дар кӯраҳои электрии вакуумӣ анҷом медиҳанд. Тавассути раванди гудозиши халоӣ филиззу пӯлодҳои баландсифат, хӯлаҳои таркибашон муайян (дақиқ) ва ба гармӣ тобовар, инчунин шишаҳои махсуси аълосифат ва монокристаллҳо ҳосил мекунанд.