Гузаргоҳи гумрукӣ
гузаргоҳи гумрукӣ — нуқтаи гузариш ва интиқоли мол дар соҳили дарё (халиҷ, гулӯгоҳ ва баҳр), хатти сарҳад ва фурудгоҳҳои байналмиллалӣ, ки алоқаи муваққатӣ ё доимии ду ҷонибро таъмин мекунанд.
Аз таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи маълумоти маъхазҳои асримиёнагӣ дар соҳилҳои дарёи Ому 25 гузаргоҳи гумрукӣ вуҷуд дошт, ки аксарашон (тақр. 16 адад) дар вилоятҳои Омул ва Зам, роҳҳои тиҷоратии корвонгарди Хуросону Мовароуннаҳрро бо ҳам мепайвастанд. гузаргоҳи гумрукии Омул дар соҳили чапи дарёи Ому қарор дошта, аз асри 15 ба номи Чорҷӯй машҳур гардид. Тибқи маълумоти маъхазҳо гузаргоҳи гумрукии Омул пароми тагпаҳне дошт, ки аз тариқи он лашкар ва корвонҳои тиҷоратӣ ба самти Бухоро ҳаракат мекарданд. гузаргоҳи гумрукии Омул ба Суғд тобеъ буда, дар асрҳои миёна роҳҳои тиҷоратии шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва Хуросонро бо ҳам мепайваст. Муқаддасӣ пойинтар аз Омул, дар соҳили дарёи Ому боз аз гузаргоҳҳои Саково ва Моҳигиронро ном мебарад. гузаргоҳи гумрукиии Саково дар байни гузаргоҳҳои Омул ва Моҳигирон қарор дошт. Гарчи баъдан аз гузаргоҳи гумрукии. Саково ном бурда намешавад, вале топонимҳои Сакор-дарвоза, Сакор ва Сакор-қалъа дар Чорҷӯй аз он муштақ шуда буданд. гузаргоҳи гумрукии Моҳигирон дар байни маҳаллаҳои Хандақ ва Хоҷақалъаи Чорҷӯй қарор дошта, то давраи тохтутози муғул номи дигар ва аҳаммияти дуввумдараҷа дошт. Муқаддасӣ дар байни шаҳрҳои Зам ва Омул аз гузаргоҳҳои Работу-л-муҷовирун, Хуворон, Шир, Навида, Фархуна ва Бармодавӣ ном мебарад, ки бо номи маҳал ё шаҳрҳои атрофашон машҳур буданд. Гузаргоҳҳои номбурда дар байни ноҳияҳои Каркӣ ва Хоҷамбаси Чорҷӯй қарор доштанд.
Гузаргоҳи гумрукии Зам
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаргоҳи гумрукии Зам ё Каркӣ дар соҳили рости дарёи Ому нисбат ба дигар гузаргоҳҳо аҳаммияти бештар дошта, дар асри 8 Қутайба ибни Муслим ду бор аз ин масир ба Бухоро рафта буд. гузаргоҳи гумрукии Зам дар маъхазҳои таърихии асримиёнагӣ бо номи Каркӯҳ ва баъдан бо номи Каркӣ ёд шудааст. гузаргоҳи гумрукии Зам дар Шоҳроҳи тиҷоратии Абрешим вилояти Гузгонро бо шаҳрҳои Мовароуннаҳр пайваст мекард. Дар масофаи байни Зам ва Колиф (Келиф) гузаргоҳҳои гумрукии Колиф, Бупкоҳи Абуваҳб, Бухориён ва Хоразмиён вуҷуд доштанд, ки бо номи маҳалҳои атрофашон дар соҳилҳои дарёи Ому машҳур буданд. гузаргоҳи гумрукии. Арҳанг — Сарой, ки дар байни шаҳрҳои Арҳанг ва Сарой ҷойгир буд, роҳҳои тиҷоратии Хатлону Бадахшон ва Балхро бо ҳам мепайваст.
Гузаргоҳи гумрукии Бардағвӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаргоҳи гумрукии Бардағвӣ, Шӯроб ва Чушқагузар дар соҳилҳои Ому ва 30 км дуртар аз Тирмиз қарор доштанд. гузаргоҳи гумрукии Бардағвӣ бо номи қалъаи бунёдкардаи Искандари Мақдунӣ дар соҳили Ому машҳур шуда, дар асри 17 бо номи Яргоҳ ва Ярдағу ёд мешавад. Шӯроб ва Чушқагузар қадимтарин гузаргоҳҳои дарёи Ому буданд, ки ҳанӯз аз давраи биринҷӣ истифода шуда, ба воситаи он қабилаҳои гуногун аз ҷануб ба шимоли Бохтар ҳаракат мекарданд. гузаргоҳи гумрукии Чушқагузар (паҳноии дарё 600 сарҷин) дар охири асри 19 панҷ заврақ дошт (2-то аз бухороиён ва 3 то аз афғонҳо), ки тавассути онҳо солона ба маблағи тақр. 600 ҳазор рубл маҳсулот, аз ҷумла 12 ҳазор пуд чойи кабуд, 4 пуд нил, 800 пуд ҳарир ва дигар молҳо (пашм, пӯст, рангҳои ороишӣ ва ғ.) ба аморати Бухоро интиқол дода мешуданд. Дар гузаргоҳи гумрукии Чушқагузар аз шутурбору аспбор 1 танга, харбор ½ танга, мусофирон ¼ танга ва аз сад гӯсфанд 5 танга боҷ ситонида мешуд. Дар сарҳадди байни Тирмиз ва Қубодиён аз давраи Кушониён гузаргоҳи гумрукии ал-Кудӣ қарор дошт, ки баъди тохтутози муғул дигар аз он ном бурда намешавад.
Гузаргоҳи гумрукии Патта-Ҳисор
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаргоҳи гумрукии Патта-Ҳисор (Тирмизи Нав) дар соҳили дарёи Ому (болотар аз резишгоҳи дарёи Сурхон) қарор дошта, роҳҳои тиҷоратии Мазори Шариф, Ҳисор, Шеробод, Юрчӣ, Регарро бо дигар мулкҳои Аморати Бухоро пайваст мекард. Он дар асри 19 зери назорати беки Шеробод қарор дошта, дар ду ҷониби соҳил заврақҳои бухороиёну афғонҳо ба тоҷирон хидмат мерасониданд. Дар гузаргоҳи гумрукии Патта-Ҳисор аз аспбор ½ танга, шутурбор 2 танга ва аз 100 гӯсфанд 5 танга боҷ ситонида мешуд. Аз соли 1893 дар атрофи гузаргоҳи гумрукии Патта-Ҳисор ситоди ҳарбии Генерал-губернатории Туркистон бунёд гардид. Дар мавзеи гузаргоҳи гумрукии Патта-Ҳисор пули Ҳайратон (дарозиаш 816 м) сохта шудааст (1989).
Гузаргоҳи гумрукии Айваҷ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаргоҳи гумрукии Айваҷ дар соҳили рости дарёи Кофарниҳон ва резишгоҳи он ба Ому қарор дошт. Он аз давраи Кушониён мавриди истифода қарор гирифта, дар сарчашмаҳои таърихии асрҳои 16-17 бо номи гузаргоҳи гумрукии Узаҷ ёд мешавад. Айваҷ роҳҳои тиҷоратии Қубодиён, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва дигар вилоятҳои Аморати Бухороро бо ҳам пайваст карда, дар асри 19 аксари тоҷирон ба воситаи ин гузаргоҳи гумрукӣ молҳояшонро аз Афғонистону Ҳиндустон ба Осиёи Миёна интиқол медоданд. Бартарияти гузаргоҳи гумрукии Айваҷ дар он буд, ки тоҷирон метавонистанд ба воситаи паром амволашонро дар якҷоягӣ бо шутурҳо аз дарё гузаронанд. Аз тариқи гузаргоҳи гумрукии Айваҷ солона 3-5 ҳазор пуд чойи кабуд ба Осиёи Миёна гузаронида мешуд (1894).
Гузаргоҳи гумрукии Баҳорак
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаргоҳи гумрукии Баҳорак (паҳноии дарё 200 сарҷин) дар соҳили дарёи Панҷ қарор дошта, роҳҳои шаҳри Рустоқ ва Кӯлобро дар мавзеи Саричашма ба ҳам мепайваст. Ин гузаргоҳи гумрукӣ бо номи маҳаллаи Баҳорак, ки дар он 30-40 хонавор тоҷикон ва ӯзбекон зиндагонӣ мекарданд, номгузорӣ шуда буд. Бо сабаби паст будани шиддати оби дарё дар мавзеи Баҳорак гузаргоҳи гумрукӣ дар тамоми фаслҳои сол фаъол буд. Дар соҳили дарё, дар муқобили гузаргоҳи гумрукии Баҳорак маҳаллаи Самтӣ ва дидбонгоҳи афғонҳо (иборат аз 12 афсари савора) ҷойгир буд. Дар маҳаллаи Саричашма роҳи тиҷоратии гузаргоҳи гумрукии Баҳорак ва Чубак бо ҳам пайваст мешуданд. Ба воситаи гузаргоҳи гумрукии Баҳорак корвонҳои тиҷоратӣ аз Хуросону Ҳиндустон ба Хатлону Бадахшон ва дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр меомаданд.
Гузаргоҳи гумрукии Чубак
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаргоҳи гумрукии Чубак дар соҳили дарёи Панҷ ва наздикии деҳаи ҳамномаш (30 км дуртар аз Фархор) ҷойгир буда, аҳаммияти маҳаллӣ дошт. Тариқи Чубак тоҷирони маҳаллӣ ва сокинони атроф молҳои худро интиқол медоданд. Дар Чубак ду нафар маъмури гумрук, чор нафар афсари рус ва як нафар тарҷумони тотор фаъолият менамуданд, ки даромади солонааш 500 сумро ташкил мекард (1898). Дар гузаргоҳи гумрукии Чубак аз тоҷирон барои хазинаи Генерал-губернатори Туркистон 5 % ва ба фоидаи амири Бухоро 2 дарсади маҳсулот боҷ ситонида мешуд.
Гузаргоҳи гумрукии Кокул
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаргоҳи гумрукии Кокул (паҳноияш 150 сарҷин) дар наздикии резишгоҳи дарёи Сурхоб ба Панҷ қарор дошта, роҳҳои тиҷоратии Рустоқ, Уртатуғай, Қизилсӯ, Тошработ ва Қӯрғонтеппаро бо ҳам пайваст мекард. Дар мавзеи ҷойгиршавии гузаргоҳи гумрукии Кокул ҷараёни ҳаракати об суст ва таҳти дарё аз қуму санг тоза буда, барои заврақронӣ мусоид буд. Дар гузаргоҳи гумрукии Кокул зимистону баҳор бештар гупсар ва дар тобистон заврақ истифода мешуд. Пойинтар аз Кокул, дар соҳили дарёи Панҷ гузаргоҳҳои Сарой ва Қаравултеппа қарор доштанд. гузаргоҳи гумрукии Қаравултеппа ба Қумсангир наздик буда, бо сабаби туғайзор будани мавзеъ ва зиёд хобидани қум зери об аҳаммияти маҳаллӣ дошт. Дар ин гузаргоҳ бештар заврақҳои хурд истифода мешуданд. Аз соли 1894 дар гузаргоҳи гумрукии Аморати Бухоро ҷиҳати пешгирии қочоқи мол ва ҷорӣ кардани назорати он дидбонгоҳҳои лашкариёни рус гузошта шуда, сокинони маҳалли атрофи онҳо метавонистанд бе пардохти боҷ молҳои рӯзгорашонро аз як соҳил ба соҳили дигар интиқол диҳанд.
Гузаргоҳҳои гумрукии Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 гузаргоҳи гумрукӣ амал мекунад: гузаргоҳҳои мошингарди Панҷи Поён, Дӯстӣ, Фотеҳобод, Саразм, Патар, Гулистон, Маданият, Қарамиқ, Ишкошим, Тем, Русвай, Қулма, Қизил-Арт, Овчӣ-Қалъача, Равот, Навбунёд, Қӯштегирмон, Ҳаштяк, Зафаробод, Ҳавотоғ, Ӯротеппа, Ҳумроғӣ, Шоғун; гузаргоҳҳои роҳи оҳан: Пахтаобод, Хушадӣ, Конибодом, Нов; гузаргоҳи дарёии Ойхонум; гузаргоҳҳои ҳавопаймоии Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Ҳисор.
Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ба воситаи гузаргоҳи гумрукии сарҳадди давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти кории мақомоти гумрук (моддаи 466-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон) иҷозат дода мешавад. Маҳдудиятҳои муқарраршуда ва вақти кории гузаргоҳи гумрукӣ аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд. Дар гузаргоҳи гумрукии ҳамҷавор вақти кории мақомоти гумруки давлатҳои ҳамсарҳад бо ҳам мувофиқат мекунанд. Баъди гузаштан аз сарҳадди гумрукӣ шахси интиқолдиҳанда вазифадор аст мол ва воситаҳои нақлиёти худро дар гузаргоҳи гумрукӣ ба мақомоти гумрук пешниҳод кунад. Ҳамзамон дар гузаргоҳи гумрукӣ тағйири ҳолати мол ё бастабандии онҳо, тағйирдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, нобудсозӣ ё вайронкунии тамғаю муҳр ва воситаҳои дигари ҳаммонанди он иҷозат дода намешавад. Барасмиятдарории гумрукии мол дар гузаргоҳи гумрукӣ (давоми 30 рӯзи тақвимӣ), тибқи як шартнома (қарордод)-и тиҷорати хориҷӣ, сарфи назар аз теъдоди молрасонии алоҳида, анҷом дода мешавад. Боҷҳо ва андозҳо дар гузаргоҳи гумрукӣ то қабули декларатсияи даврии гумрукӣ ё дар рӯзи қабули он пардохта мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гузаргоҳи гумрукӣ / С. Ҳусайнов, Ф. Абдулвоҳидова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Семёнов А. А. По границам Бухары и Афганистана (путевые очерки 1898) // Исторической вестник. 1902, № 3. Быков А. Ф. Очерк переправ через реку Амударью. — Ташкент, 1879;
- Логофетъ дарёи И. Страна безправия. СПб., 1909;
- Искандаров Б. И. Бухара (1918—1920). дарёи 1970. Камалиддинов Ш. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. Ташкент. 1996. Гумрук. 2014, № 3 (27).