Jump to content

Гузариши квантӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гузариши квантӣ — аз як ҳолат ба ҳолати дигар ба таври ҷаҳиш гузаштани системаҳои квантӣ (ҷисми сахт, молекула, атом, ҳастаи атом).

Гузариши квантии байни ҳолатҳои собит, ки ба онҳо қиматҳои гуногуни энергияи системаи квантӣ мувофиқ меоянд, нисбатан гузаришҳои муҳим маҳсуб мешаванд (гузариши квантӣ аз як сатҳи энергия ба сатҳи дигар). Ҳангоми аз савияи нисбатан баланди энергия EK ба савияи нисбатан пасти энергия Ei гузаштан система энергияи Ek — Ei=hv-ро медиҳад (меафканад), дар ҳолати баръакс онро қабул мекунад (фурӯ мебарад) (ν-басомади афканишот, h-собитаи Планк). Вобаста ба фарқи энергияҳои ҳолатҳои система, ки байни онҳо Гузариши квантӣ ба амал меояд, фотонҳои радиоафканишот, афканишоти инфрасурх, намоён, ултрабунафш, рентгенӣ ва гамма-шуоъҳо афканда ё фурӯ бурда мешаванд. Маҷмӯи ин гузаришҳои квантӣ аз савияҳои поёни энергия ба савияҳои боло тайф (спектр)-и фурӯбарӣ ва маҷмӯи гузаришҳои квантӣ аз савияҳои болои энергия ба савияҳои поён тайфи афканиши системаҳои квантиро ташкил медиҳад (нигар Тайфҳои оптикӣ). Дар Гузариши квантии беафканиш система фақат ҳангоми таъсири мутақобила бо системаҳои дигар энергия дода ё гирифта метавонад: мас., атом ё молекулаҳои газ бо ҳамдигар ё бо электронҳо бархӯрда, энергия мегиранд (ангехта мешаванд) ё энергияро талаф медиҳанд. Муҳимтарин тавсифоти дилхоҳ гузариши квантӣ эҳтимолияти гузариш аст, ки басомади гузаришҳоро муайян мекунад (миқдори гузариш дар воҳиди вақт-с.). Эҳтимолияти гузаришҳоро бо усулҳои механикаи квантӣ ҳисоб мекунанд. Агар гузариши квантӣ зери таъсири омилҳои берунӣ ба амал ояд, маҷбурӣ, дар ҳолати худ аз худ ба амал омадани гузариш спонтанӣ (новобаста ба омилҳои берунӣ) номида мешавад.