Гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан — гузаштани муҳлатҳои дар қонуни ҷиноятӣ пешбинишуда пас аз содир намудани ҷиноят, ки ба сабаби он шахси ҷиноятсодирнамуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Асоси моддиву ҳуқуқии татбиқ намудани меъёри Г.: ба таври назаррас кам гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда барои ҷамъият пас аз гузаштани вақти зиёд ва аз миён рафтани хатари хавфнокии шахс ба ҷамъият, ки ислоҳ шудани худро исбот намудааст. Барои татбиқи Г. ҷой доштани ду асоси қонунӣ зарур аст:

  • гузаштани муҳлати дар қонун пешбинишуда;
  • ҷой надоштани ҳолатҳое, ки ҷараёни Г.-ро бозмедорад ё барҳам медиҳад.

Давомнокии Г. вобаста ба категорияи ҷиноят муайян гардидааст. Шахси ҷиноятсодирнамуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар аз рӯзи содир намудани ҷиноят муҳлати зерин гузашта бошад:

  • ду сол пас аз содир намудани ҷинояти начандон вазнин;
  • шаш сол пас аз содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна;
  • даҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти вазнин;
  • понздаҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти махсусан вазнин (Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 75, қисми 1).

Муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи содир шудани ҷиноят то рӯзи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукм ҳисоб карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳеч гуна ҳаракати мурофиавӣ дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс Г.-ро бознамедорад. Ҷараёни Г. аз соати 00 шабонарӯзи оянда баъд аз содиршавии ҷиноят шурӯъ шуда, соати 00 шабонарӯзи охирини муҳлат ба охир мерасад. Г. нисбати ҷиноятҳои дарозмуддат аз лаҳзаи ба таври воқеӣ қатъ гардидани ин ҷиноят бо иродаи гунаҳкор ва ҳам бо ҳолатҳои ба ӯ новобаста ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳангоми содир намудани ҷиноятҳои давомдор Г. аз лаҳзаи содир намудани охирин кирдори ҷиноятӣ аз ҷумлаи кирдорҳои ба ҷинояти давомдор дохилшаванда ба ҳисоб гирифта мешавад.

Г. ҷавобгарии ҷиноятиро танҳо дар ҳолате истисно менамояд, ки агар ҷараёни он вайрон нагардида бошад. Қонунгузорӣ ду ҳолати вайрон гардидани Г.-ро фарқ мекунад: боздоштан ва қатъ гардидан. Ба сифати асоси боздоштани муҳлат аз тафтишот ё суд саркашӣ намудани шахс пешбинӣ шудааст. Дар ин холат муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи дастгир кардани шахс ё омада ба гуноҳи худ иқрор шудани ӯ муқаррар карда мешавад. Аз тарафи шахс содир гардидани ҷинояти нав на фақат ҷараёни Г.-ро қатъ намегардонад, балки муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои ҳар ҷиноят алоҳида ҳисоб карда мешавад. Г. дар тамоми муддате, ки шахси ҷиноятсодирнамуда аз тафтишот ё суд саркашӣ мекунад, боздошта шуда, пас аз дастгир шудани ин шахс ё омада ба гуноҳи худ иқрор кардани ӯ барқарор карда мешавад. Дар ин ҳолат вақти то саркашӣ сипаришуда ба вақти пас аз дастгиршавӣ омада ба гуноҳи худ иқрор кардан зам мегардад. Агар ин муҳлат то ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм аз муҳлати дар қонун муқарраршуда зиёд бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ ба вуҷуд намеояд.

Агар аз вақти содир намудани ҷиноят бист сол гузашта, муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан бо содир намудани ҷинояти нав қатъ нагардида бошад, шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест. Агар то Г. шахс қасдан ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир намояд, муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи содир намудани ҷиноятҳои мазкур аз нав шурӯъ гардида, барои ҳар як ҷиноят алоҳида ҳисоб карда мешавад (Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 75, қисмҳои 3, 4). Дар ҳолати аз тарафи шахс якбора содир кардани якчанд ҷинояти категорияҳои гуногун Г. нахуст нисбат ба ҷинояти сабуктар, сипас барои ҷинояти вазнинтар татбиқ карда мешавад.

Муҳлатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан новобаста ба иродаи мақомоти тафтишотӣ ё суд татбиқ гардида, Г. асоси ҳатмии аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан мебошад. Аммо масъалаи истифодаи муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданро нисбати шахси содирнамудаи ҷинояте, ки барои он ҷазои қатл ва ё якумрӣ аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шудааст, суд ҳал менамояд (Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 75, қисми 5). Дар ин ҳолат Г. на асоси ҳатмӣ, балки асоси иловагии озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ мебошад. Суд дар ин ҳолат шахсияти гунаҳкор, муҳлатеро, ки баъди содир намудани ҷиноят гузаштааст, дигар вазъияту ҳолатҳоро ба эътибор мегирад. Агар суд озод кардани чунин шахсро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба Г. имконнопазир шуморад, вай ба ӯ ғайр аз ҷазои қатл ё якумрӣ аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъйин менамояд.

Барои озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба Г. тартиби мурофиавии муайян вуҷуд дорад. Парвандаи ҷиноятии оғозшуда дар давраи тафтишоти пешакӣ қатъ карда мешавад, аз ин хусус қарори мақоми тафтишотӣ, муфаттиш ва ё прокурор қабул мегардад. Дар давраи ба суд додани парвандаи ҷиноятӣ он бо қарори судя (таъйиноти суд) қатъ кунонида мешавад. Қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ бинобар Г. роҳ дода намешавад, агар айбдоршаванда мутобиқи ин эътироз намояд (мас., худро бегуноҳ шуморад). Дар ин ҳолат пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо тартиби муқаррарӣ амалӣ мегардад. Агар далели Г. дар давраи тафтишоти судӣ муқаррар шуда, инчунин агар ин муҳлат ҳангоми аз тарафи суд таҳқиқ шудани парванда ба итмом расида бошад, мурофиа то охир расонда шуда, суд дар бораи аз ҷазо озод кардани айбдоршаванда ҳукм мебарорад. Нисбат ба шахсоне, ки муқобили сулҳу амнияти инсоният ҷиноят содир кардаанд, Г. татбиқ карда намешавад (Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 78, қисми 6). Чунин шахсон, новобаста ба муҳлати баъди содир шудани ҷиноят, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан / Т. Шарипов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
  • Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998;
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2012.