Гузориши унсурҳои маҷмӯъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гузориши унсурҳои маҷмӯъ — дар математика, инъикоси якқиматаи маҷмӯи охирноки X дар худи маҷмӯъ.

Азбаски хосиятҳои Г. ба табиати худи унсурҳо вобастагӣ надоранд, ба сифати маҷмӯи X ададҳои натуралии (1, 2, 3, …, n) гирифта шуда, дар сатри боло бо тартиби табиии худ навишта мешавад. Г. намуди зерин мегирад:

яъне, зери ҳар як унсури маҷмӯи Х унсури мувофиқи он аз худи ҳамон маҷмӯъ Х навишта мешавад. Г.-е, ки ҷои унсурҳоро тағйир намедиҳад, Г.-и воҳидӣ ё айниятӣ номида мешавад. Агар дар Г.-и А унсурҳои сатрҳо мувофиқан иваз шуда бошанд, Г.-и баръакс (А-1)номида мешавад, яъне, ба ҳар як Г(А) Г.-и баръакс (А-1) мавҷуд аст, ки зарби онҳо (А∙А-1) Г.-и воҳидӣ мебошад, мас.,:

Г.-еро ки фақат ҷои ду унсур a ва b-ро тағйир медиҳад, транспозитсия меноманд. Ишораташ (а, b) мебошад, Мас.,:

Мафҳуми Г. дар таҳлили математикӣ ба маънои иваз намудани тағйирёбанда истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]