Гулаҳмадӣ
Зоҳир
Гулаҳмадӣ — як навъ себи тирамоҳии маҳаллӣ.
Дарахташ зудсабз буда, 7-8 м қад мекашад. Шохаҳояш парешон. Навдааш (дарозиашон то 26 см, қутрашон 0,4-0,5 см) бӯри сиёҳтоб, бо доначаҳои сафедтоб пӯшида шудааст. Баргаш дарозрӯя (дарозиаш то 17 см, бараш то 6 см), сабз, қафояш пашмакдор. Мевааш калон (вазнаш то 128 г), гирда ё байзашакл, пӯсташ ҳамвор, тарафи офтобрасаш сурх; таъмаш ширин, сероби хушбӯй (дарозии думчааш 2,8 см). Даври нашваш 167 рӯз аст. Гулаҳмадӣ обталаб буда, дар заминҳои санглох низ месабзад. Аз тортанаккана, куяи себ, мевакуя ва заргинак зарар мебинад. Се навъи онро дар навоҳии Рӯшону Шуғнон парвариш мекунанд. Солҳои охир дар тамоми ноҳияҳои Помири Ғарбӣ ва Дарвоз дучор меояд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулаҳмадӣ / М. Шакармамадов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.