Jump to content

Гулбандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулбандӣ, рахшаки гулдор — навъе аз себҳои миёнапазаки маҳаллӣ; селексияи халқист.

Барг ва тарзи шохаронии дарахташ ба гирдаксеб шабоҳат дорад. Мевааш байзашакл (андозааш 59х51х50 мм, вазнаш 55-65 г), сафеди сабзтоб, рахҳои сурху гулобӣ дорад (тарафи офтобрасаш сурх, тарафи сояаш гулобиранг), думчааш кӯтоҳи сахт. Пӯсташ тунук, бо мумпардаи маҳин пӯшида шудааст. Гӯшташ сафед, карсосӣ, серобу ширин, хуштаъм ва бебӯй, 4-12 дона тухми майдаи қаҳваранг дорад. Мевааш охири июл — аввали август мепазад. Аз дарахти 20-22-солааш 75-85 кг ҳосил меғундоранд. Меваашро тару тоза истеъмол мекунанд. Барои ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ аст. Дарахтони алоҳидаи гулбандӣ дар ҳотаи сокинони деҳаҳои Даштиҷуми ноҳияи Муъминобод, Сӯҷинаи ноҳияи Панҷакент ва деҳаҳои доманакӯҳи водии Ҳисор парвариш меёбад.