Гулбурӣ (пизишкӣ)
Зоҳир
Гулбурӣ — дар тиб, моякӯбӣ кардани кӯдакон зидди бемории гулгуна (сурхакон).
Бо ин мақсад аз штамми зиндаи беқувваткардаи вируси гулгуна — Вистар RA 27/3 истифода мебаранд. Он моддаи хушки зарди сафедтоб буда, дар ҳуҷайраҳои диплоидии одам кишт карда мешавад. Гулбурӣ дар ду давра (дар 12-моҳагӣ ва 6-солагӣ) сурат мегирад. Ҳамчунин духтарони 13-солае, ки гул набаровардаанд ва занҳои синни балоғат, ки қаблан моякӯбӣ нашудаанд, як бор гул бурида мешаванд. Мояи гулбуриро дар маҳлули махсус (об барои тазриқ) ҳал намуда, бо сӯзандору ба зери пӯсти бозу мегузаронанд. Ҷои гузарондаи воя сурх шуда, варам ва дард мекунад. Ба занҳои ҳомила, беморони саратон ва дар мавриди баланд будани ҳарорати бадан (зиёда аз 40°С) гулбурӣ мамнуъ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулбурӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Брагинская В. А., Соколова А. Ф. Активная иммунизация и профилактика поствакциональных осложнений у детей. М., 1990;
- Медуницын Н. В. Вакционология. М. 1999;
- Таточенко В. К., Озерецкий Н. А. Иммуннопрофилактика. М., 2000;