Гулгардонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бойчечак Snowdrop (flowers)

Гулгардонӣ - маросими анъанавии мавсимиест, ки дар оғози баҳор, ҳангоми шукуфтани гули сияҳгӯш (гули наврӯзӣ, гули ҳасрат) ва баҳман (бойчечак) барпо мегардад. Гулгардонӣ вобаста ба шароит ва обу ҳавои маҳал дар мавридҳои гуногун ба вуқӯъ меояд ва асосан дар арафаи иди Наврӯз доир мегардад.

Мардуми тоҷик аз замонҳои пеш фарорасии Соли нав – Наврӯзро моҳҳо бесаброна ва бо орзуву нақшаҳои рангин интизор мешуданд ва Наврӯзро бо ҳар гуна расму одатҳо истиқбол мекарданд. Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: бойчечак, сиёҳгӯш ва гули зардакро чида, ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашида, ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахӯд медиҳанд. Сурудҳои гулгардонӣ вариантҳои гуногун дошта, мазмуни онҳоро табрики соли нав, орзую омол ва дархосту хоҳишҳо ташкил медиҳад. Яке аз намунаҳои маъруфи таронаи гулгардонӣ ин аст:

Сарбайтхон:
Гули сияҳгӯши қошгардон,
Табақ пур куну пас гардон,
Бите ба дасти гулгардон,
Ҳама:
Баҳори, нав муборак бод!
Ё худ сарбайтхон:
Бойчечаку бойчечак,
Гули хушрӯи химчак.
Ҳама:
Бойчечак, бойчечак.
Сарбайтхон:
Бӯи баҳор бойчечак,
Муждаи кор бойчечак.
Ҳама:
Бойчечак, бойчечак.

Анъанаи гулгардонӣ бо истилоҳҳоти гуногун қариб дар байни ҳамаи тоҷикони Осиёи Марказӣ маъмул аст. Дар вилояти Хатлон гули зардак (гули баҳман)-ро чида, гулдаста баста, хона ба хона мегарданд. Дар водии Ҳисор дар ин айём гули наврӯзӣ мерӯяд, ки он ба гули сиёҳгӯш монанд буда, аммо рангаш зард мебошад. Дар деҳоти вилояти Суғд ва водии Зарафшон номи он гули бойчечак буда, худи маросимро «бойчечак» ё худ «бойчечакгӯӣ» меноманд. Гули баҳман (зардак, бойчечак, гули қосид) дар охирҳои баҳманмоҳ (21 январ – 20 феврал), дар шароити кӯҳистон дар баландии 800-2000 м аз сатҳи баҳр мешукуфад. Гулҳои мазкури баҳорӣ дар ҳар мавзеъ мувофиқи шароити табиию муҳити ҷуғрофӣ пешу ақиб ба шукуфтан шурӯъ мекунанд ва аз ин рӯ, маросими гулгардонӣ низ дар ҳар ҷо пасу пеш барпо мегардад. Дар аксарияти мавзеъҳо ин маросим дар охирҳои феврал ва аввали моҳи март фаро мерасад. Дар мавзеи Бартанги Бадахшон маросими гулгардонӣ «Гулхкуфт» (Гулшукуфт) ном дорад, ки онро дар моҳи апрел, дар айёми шукуфтани гулҳо иҷро мекарданд. Ҳар кадом оила ягон навъи хӯрок тайёр мекард ва онро ба мазор мебурд. Дар он ҷо ҳамдеҳагон гирд омада, рақсу бозӣ ва хурсандиҳо мекарданд. Дар гузашта маросими гулгардониро калонсолон иҷро мекардаанд. Ҳоло танҳо бачагон ин анъанаро идома медиҳанд ва ҷанбаи эътиқодии он заиф шуда, ба як навъ бозии бачагон табдил ёфтааст. [1]

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 78-79. – 280 с.