Гулгашт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гулгаштгулбоғ — гулзор, чаманистон, ки мардум дар он ҷо сайру тамошо мекунанд.

Андозаи гулгашт, маъмулан, аз 0,2 то 2 га мешавад. Қисми зиёди ҳудуди гулгашт (55-70 %)-ро гулу сабзазор, боқиро пайроҳаву майдонча ва дигар ҷойҳои фароғатӣ дар бар мегиранд. Дар гулгашт гулу бутта, гиёҳҳои гуногуни ороишӣ ва дарахтони резаи паҳнбаргу сӯзанбарг, сарахс ва ғайра мешинонанд. Ҳангоми бунёд кардани гулгашт муҳлати гулшукуфти рустаниҳо ба эътибор гирифта мешавад. Маъмулан, он рустаниҳоеро интихоб мекунанд, ки ба шароити иқлими маҳал мутобиқ, шукуфаашон назаррабо ва давраи гулшукуфти онҳо пасопеш бошад.

Навъҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулгаштҳо вобаста ба релефи маҳал ва таркиби наботот гуногун мешаванд, мас., алпинарий, гулгашти полезӣ, гулгашти обӣ, гулзор, арчамайдон, боғча, гулнақш, хатак, гулсоат ва ғ.

  • Алпинарий гулгаштест, ки дар он ҷо гулу гиёҳи хосси баландкӯҳҳо, аз ҷумла рустаниҳои «сангдӯст» (литофитӣ) парвариш карда мешаванд. Дар миёнҷойи алпинарий санги калоне гузошта мешавад, ки рамзи қуллаи кӯҳ аст. Дар атрофи санги калон сангҳои нисбатан хурдро ҷой дода, дар байни онҳо гулу гиёҳҳои мувофиқ мешинонанд.
  • Гулгашти обӣ дар марказ ҳавзи калон дорад, ки девораҳои он аз санг бардошта мешаванд. Дар ин гуна гулгашт рустаниҳои обӣ ва соҳилиро мепарваранд. Дар атрофи ҳавз роҳравҳо бунёд карда, барои фароғати одамон харакҳо мегузоранд.
  • Гулгашти полезӣ бори аввал дар Фаронса арзи ҳастӣ кардааст. Он қитъаест, ки ҷӯякҳои рости баробар дошта, дар онҳо рустаниҳои ороишӣ ва сабзавот мекоранд. Маълулан, дар канори ҷӯякҳо раддаи буттаҳои шамшод ва паттаарча ҷой дода мешавад. Маҷмӯи ҷӯякҳо ба назар мисли нақшҳои хеле зебову шинам менамояд. Роҳравҳои ин гуна гулгашт рост буда, бо рег фарш карда мешаванд.
  • Гулзор қитъаи начандон калон ва нисбат ба қитъаҳои ҳамсоя баландтар буда, шаклҳои геометрии гуногун дорад. Дар гулзор рустаниҳоро тавре мешинонанд, ки онҳо тасвир ё нақши муайянеро ба вуҷуд оваранд.
  • Арчамайдон аз буттаҳои сӯзанбарг бунёд карда мешавад. Бо мақсади гуногунӣ дар арчамайдон буттаҳои дарахтони паҳнбарг ва гулу гиёҳҳоро низ ҷой медиҳанд.
  • Боғча қитъаест, ки дар назди биноҳои иқоматӣ бунёд карда мешавад. Маъмулан, дар боғча роҳи борике месозанд, ки ҷониби даромадгоҳи хона меравад.
  • Яке аз шаклҳои дигари гулгашт гулнақш аст, ки онро дар сабзамайдон нақш меандозанд ё ба шаклҳои ҳандасӣ месозанд. Хатак (рабатка) низ аз ҷумлаи гулнақш мебошад. Паҳнии он аз 0,5 то 1,5 м мешавад. Дарозии хатак нисбат ба паҳнии он бояд камаш се баробар бештар бошад. Рустаниҳои пояашон баланд дар мобайн ва рустаниҳои пояашон кӯтоҳ аз ду тарафи хатак шинонда мешаванд.
  • Боғи санглох (рокарий) қитъаи серсангест, ки дар он рустаниҳои хазанда, буттачаҳо, болиштакҳо парвариш меёбанд. Сангҳоро аз рӯи тартиб мечинанд ё паҳну парешон мекунанд.
  • Гулгашти маҳаллӣ, маъмулан, ба сурати ин ё он манзараи деҳа сохта мешавад. Ин гуна гулгаштро бо унсурҳои миллӣ оро медиҳанд.
  • Гулсоат қитъаест, ки дар он рустаниҳои махсусро мешинонанд. Шукуфаи онҳо дар соатҳои муайян ва пай дар пай кушодаву пӯшида мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Марковский Ю. Б. Каменистые сады. М., 2002;
  • Коновалова Т. Ю., Шевырева Н. А. Декоративные кустарники или 1000 растений для вашего сада. М., 2004;
  • Марковский Ю. Б. Лучшие хвойные растения в дизайне сада. М., 2005.