Jump to content

Гулгумбад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Гулгумбад
Кишвар
Макон Vijaypura District[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

«Гулгумбад» (форсӣ: گل‌گنبد‎) — оромгоҳи Муҳаммад Одилшоҳ воқеъ дар Биҷопури иёлати Майсури Ҳиндустон, ки соли 1656 сохта шудааст.

«Гулгумбад» мувофиқи тарҳ мебоист ба гунаи диж — бо дарвоза, нигорхонаи мусиқӣ, масҷид ва тафреҳгоҳ бино меёфт, аммо номукаммал монд, танҳо дарвозаи он бо оромгоҳ эъмор шуд. Ин мақбараи азим, ки роҳравҳои боз ва дар гӯшаҳояш бурҷчаҳои ҳафттабақаи содакорӣ бо гунбадҳои мудаввар дорад, аслан ба диж монанд нест. Бинои оромгоҳ тақр. мураббаъшакл аст. Деворҳои он тоқҳои бузурги равоқии бедарутиреза доранд. Паҳнои оромгоҳ баробар ба вусъати баландии он (бе милҳои минораҳо) аст. Сатҳи дохилии оромгоҳ бузургтар аз Пантиони маъруф дар Рум мебошад. Гумбади бузурги марказии он, ки то ҳадде нимкурашакл аст (қутри берунаш тақр. 44 м) ва якчанд ҳазор тонна вазн дорад, дар ибтидо бо миси тилоандуд пӯшида шуда буд. Баландии гумбаз бо милҳо 66 м таҳкурсии ин иншоотро шаддаи гулбаргҳои латифи нилуфарӣ басо зинат бахшидааст. Симои меъмории мақбараро на танҳо бурҷҳои зебои гӯшаҳои он, балки роҳрави бози бино, ки аз болои нижвон мегузарад ва ду манораи хурду зебои панҷараи ду тарафи мақбара ҷаззобтар кардааст. Пӯшиши мураббаи мақбара ба сабки византиявӣ аст. Гунбади «Гулгумбад» яке аз бузургтарин гунбадҳои ҷаҳон ба шумор меравад ва шояд бузургтарин кори меъмории даврони Одилшоҳиён бошад. Онро меъморони эронӣ сохтаанд. «Гулгумбад» охирин намунаи осори меъмории динии ҳиндуёну мусулмонон дар ҳудуди Дакан маҳсуб мешавад.

  • ݒرویز امین. بسجاݒور مرکز دایرة المعارف اسلامی. تهران٬ 1389ه ش؛
  • سناعباسی. نقش ایرانیان در ترویج فرهنگ اسلامی. تهران٬ ١٣٨٩ ه. ش.ر