Гулдаста (меъморӣ)
Гулдаста — манораҳои кунҷии даромадгоҳҳои бошукӯҳи пештоқдор.
Қисми болоии манораро низ Гулдаста меноманд. Аз рӯи намои зоҳириаш ба гулдони гулдастадор монанд аст ва барои ҳамин ба он чунин ном доданд. Гулдаста асосан дар масҷид, мадраса, саройҳои боҳашмат аз хишти пухта сохта шудааст. Гулдаста дар шакли манора буда, баъзан муаззинон аз он ҷо азон мегуфтанд. Гулдастаҳо ба таври алоҳида низ сохта шудаанд ва бо рангҳои зебои гуногун ороиш ёфтаанд. Гулдаста қариб дар ҳамаи ёдгориҳои меъмории асрҳои 10-19, алалхусус асрҳои 14-16 вомехӯранд (мадрасаҳои Улуғбек, Шердор, Тилокорӣ, Ишратхона, Гӯри Мир, Бибихоним, Чор Бакр ва ғ.).
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб дар ҳамаи шаҳрҳои калон, бахусус дар Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Ҳисор, минтақаи Кӯлоб мадрасаву мақбараҳои Гулдастадор бисёранд. Бисёр сангҳои мармарии сари қабрҳо бо сутунчаҳои хурде оро дода мешаванд, ки онро низ Гулдаста меноманд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулдаста / Р. Муқимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.