Jump to content

Гулдон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулдон — зарфест барои гузоштан ва парвардани гулу рустаниҳо (бештар рустаниҳои ороишӣ).

Гулдонро аз сафол, булӯр, биринҷ, мис, нуқра, пластика ва ғайра месозанд. Гулдонҳои аз булӯр, мис, нуқра сохташуда аз берун наққошиҳои гуногун доранд. Онҳоро дар манзилҳои шахсӣ ва утоқҳои корӣ танҳо барои гузоштани шохаҳои гулу рустаниҳои зебои боғӣ ва маснӯӣ ба кор мебаранд. Гулдонҳои сафолӣ, чӯбӣ, пластикӣ ва филиззӣ маъмултарин василаи кишту парвариши рустаниҳои боғӣ, бахусус, рустаниҳои ороишӣ мебошанд. Қутри даҳанаи чунин Гулдонҳо маъмулан 25-40 см, баландиашон 6-10 см аст. Дар таги Гулдонҳо барои берун рафтани оби зиёдатӣ чанд сӯрохи заҳкаш мавҷуд аст, ки ҳангоми бо хок пур кардани Гулдон рӯи онҳоро бо сафолпора ё сангреза пӯшонидан лозим аст, то ин ки оби аз Гулдон беруншаванда хоки даруни Гулдонро шуста набарад.

Гулдонсозӣ аз ҳунарҳои қадимии тоҷикон аст. Косибони тоҷик дар сохтани навъҳои гуногуни Гулдон шуҳрат доштаанд. Аз сафол ва булӯр сохтани Гулдон аз замонҳои қадим дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Балху Хуҷанд, Ҳулбуку Панҷакент расм будааст. Гулдон, ғайр аз ин, дар девори биноҳои сарою мақбараҳо, масҷиду мадрасаҳо (Масҷиди ҷомеи Шаҳрисабз, асрҳои 15-16, Мадрасаи Абдулазизхон, Бухоро, асри 17) ва бар рӯи санги қабрҳо акс меёфт. Дар санъати ороишу амалии асрҳои 18-19 Гулдонҳо бо нақшҳои ислимӣ ва гиреҳ, гулҳои лолаву сияҳгӯш ва ҳар гуна парандагон дар сақфу девори меҳмонхонаву масҷидҳои Истаравшан, Хуҷанд, Исфара ва ғайра наққошию кандакорӣ шудаанд. Тасвири Гулдон имрӯз низ дар амали устоҳои мардумӣ мақом дорад.