Гулдор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гулдор — як навъ шафтолуи маҳаллӣ.

Дар Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Боғпарвар»-и АИКТ бо роҳи дурага кардани шафтолуи ҳисорӣ бо навъи Лола рӯёнда шудааст. Дарахташ миёнақади зудсабз, пӯстлохаш дорчинии хокистарранг. Шохсораш паҳн, аҳромшакли зич. Баргаш нештаршакл, сабзи баланд, думчааш кӯтоҳ. Охири март — аввали апрел гул карда, нимаи аввали август мевааш мепазад; гулмуғчааш сармобардор аст. Даври гулшукуфташ 10-16 рӯз. Гулаш гулобӣ ё сурх. Мевааш (78,0 г) мудаввар, нӯгтез, рангаш зард, холчаҳои сурхи банур дорад; пӯсташ бепашмак, мағзаш ғоздор, сероби нордон; донакаш калони нӯгтез, аз мағзаш ҷудо мешавад; думчамевааш кӯтоҳи ғафс. Дар таркиби мевааш 11,29 % қанд, 0,44 % ҷавҳар, 16,83 % моддаҳои хушк мавҷуд аст. Ниҳолаш баъди 3 сол самар меоварад ва 12-15 сол ҳосили хуб (аз ҳар га 250—300 сентнер) медиҳад. Ниҳолашро ба тартиби 4×5 м ё 6×3 м мешинонанд. Барои танзими ҳосилбандӣ шохаҳояшро буридан лозим аст. Дарахташ аз касалии клястероспориоз ва баргпечак кам зарар мебинад. Меваашро мехушконанд, аз он хушоб, мураббо, ҷем тайёр мекунанд. Дар ҷумҳурӣ (ғайр аз ВМКБ) аз соли 1993 парвариш карда мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шамурадова С. Б., Скороход С. Т. Выведение новых сортов персиков устойчивых к неблагоприятным условиям среды.//Докл. ТАСН № 5-6. Д., 2002;
  • Гулов С. Мевапарварӣ. Д., 2003;
  • Шамурадова С. Б. Сравнительная оценка агробиологических показателей элитных поздноцветных сеянцев и сортов персика.//Доклады ТАСН № 2 (28). Д., 2011. С. Гулов, С. Шомурадова.