Гулзардӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулзардӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Erysimum diffusum Ehrh., 1792

Гулзардӣ хокшир (лот. Erýsimum diffúsum) — як навъ гиёҳи дусола; мансуби чилликгулҳост.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш сершох (аз 20 то 115 см қад мекашад), хокистаррангулзардӣ Соли аввал навдаҳои кӯтоҳи зич бароварда, соли дуввум то 20 адад пояи гулбор пайдо мекунад. Баргаш дарозрӯя, сермӯяк, бо тартиби муайян ҷойгир аст. Гулаш майдаи зард. Самараш ғилофаки дарозрӯя, чорқирра. Май — сентябр гул карда, тухм мебандад (вазни 1000 дона тухмиаш 0,2-0,3 г). Навъҳои гуногуни гулзардӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Қафқоз, Осиёи Марказӣ, Сибир, Муғулистон, Хитой вомехӯранд. Дар алафзор, явшонзор, фарқзор, арчазор ва ҷойҳои серрег мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Қурама, Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои шимоли ҷумҳурӣ дучор меояд. Таркиби гулзардӣ аз эризимин, эризимозид ва дигар гликозидҳои дил иборат аст; тухмаш равғани эфир (0,5-10 %) дорад.

Хосиятҳои шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулзардиро бо мақсади давоӣ дар даври гулшукуфт ғундошта дар ҷои сояи шамолрас мехушконанд (онро 2 сол нигоҳ доштан мумкин аст). Юнониён ва румиёни қадим гулзардиро беҳтарин даво барои муолиҷаи обхӯра медонистанд. Дар Сибир табибони халқӣ онро чун давои пешоброн, муқаввии дил, зидди бемории зангила (синга), сили шуш, обварам, ҳамчунин ҳангоми заҳролудшавӣ ба кор мебаранд. Дар тибби халқии тоҷикон чойи баргу пояи гулзардӣ ҳангоми бемориҳои дил, дилзанӣ, ғалаёни хун ва чун воситаи пешоброну исҳоловар тавсия дода мешавад. Аз гулзардӣ маҳлули гликозиди эризимин истеҳсол карда шудааст, ки барои муолиҷаи иллати дил муфид мебошад. Шираи гулзардӣ ба таркиби доруи «Кардиовален» дохил аст. Онро ҳангоми иллатҳои тарбодии дил, кардиосклероз, ихтилоли гардиши хун истифода мебаранд (рӯзе 1-2 бор 15-20 чакраӣ). Нақуи обии гулзардӣ (1-2 қошуқ алафи онро дар 1 истакон оби ҷӯш андохта, рӯзе 4-5 маротиба якқошуқӣ бо қанд меошоманд) барои муолиҷаи нақси дил муфид мебошад. Равғани тухми гулзардӣ хушбӯй буда, онро ба хӯришҳои сабзавотӣ илова мекунанд. Гулзардӣ рустании заҳрнок аст. Бинобар ин, онро зери назорати духтур бояд истифода бурд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989;
  • Корсун В. Ф., Ситкевич А. Е., Ефимов В. В. Лечение препаратами растительного происхождения. Минск, 1995;
  • Губанов И. А. Желтушник сероватый, или раскидистый//Иллюстированный определитель растений Средней России. М., 2003;
  • Носаль М. А., Носаль И. М. Лекарственные растения и способы их применения. М., 2005;
  • Куреннов И. Энциклопедия лекарственных растений. М., 2012.