Гулзор (хатти арабӣ)
Зоҳир
Гулзор (форсӣ: گلزار) — як навъи хатти арабӣ.
Гулзорро муаллифи рисолаи хаттотии «Ашколи хутути исломия» Муҳаммад Ҳусайн Ҳоҷии Балҷувонӣ (нимаи дуввуми асри 19-ибтидои асри 20) эҷод кардааст. Аввалин бор бо ин хат Муҳаммадҳусайн пештоқи мадрасаи Турсунҷонро дар Бухоро оро додааст. Хатти Гулзор ба устодони санъати хаттотии Бухоро писанд омад ва баъд дар ороиши чандин меҳмонхонаву масҷиди дигар аз он истифода шудааст. Гулзор бо ҳарфҳои калони пурнақшу нигори гулзормонанд навишта мешавад, ки ба ҳамин сабаб номи Гулзорро гирифтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулзор // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.